РӮЯТОН СИЁҲ БОД, ХОИНОНИ ВАТАН!

Баъди ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 Ҷумҳурии Тоҷикистонро буҳрони амиқи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ фаро гирифта буд. ТТЭ ҲНИ, ки барангезандаи ин ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90-ум буд, ба халқи тоҷик ғаму дарди зиёд овард. Дар ин ҷанги бародаркуши панҷсола зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта шуда, 2 миллион шаҳрванд бе хонаву дар монданд. Қисми зиёди одамон гуреза ва муҳоҷир шуданд. Дар баробари ин талафот ба иқтисодиёти кишвар ба андозаи 7-10 миллиард доллар зарари моддӣ расид. Дар чунин вазъи ҳассоси таърихӣ, дар замоне ки ягон нафар ҷуръати ба сари ҳокимият омаданро надошт, марде ба майдони сиёсат омад, ки бо бузургсозиҳои худ тавонист кишварро аз ин буҳрон наҷот диҳад ва роҳи ояндаи онро барои садсолаҳо дақиқкорона муайян созад.

ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии М. Кабирӣ ва тарафдорони ифротии он, ки худро имрӯзҳо “ғамхор ва дилсӯзи халқ” муаррифӣ мекунанд, дар ҳамон рӯзҳои мушкилу вазнине, ки халқи тоҷик, ба кумаку дастгирӣ ниёз дошт, дар куҷо буданд?

“Ғамхорони халқи тоҷик” дар вазъияти вазнини имрӯзаи мардуми азиятзадаи кишварамон ба ҷойи он ки дасти кумак дароз кунанд, ба иғвогарию дасисабозӣ даст мезананду халос.

Бо мақсади ноором кардани вазъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз интихоботи президентии соли 2020 боз ҳам ҲНИ кӯшиш ба харҷ дода истодааст. “Ғамхорони халқи тоҷик” агар дар асл ғамхор бошанд, ба худ саволе диҳанд, ки ба халқи худ дар ин вазъияти ноороме, ки мардум гирифтори воҳимаи коронависус ҳастанду чӣ гуна худро аз ин бало эмин карданианд, чиӣ ғамхорие ё хизмате карданд, то мардуми бечора орому осуда бошанд.

Ба дасисабозону иғвоангезон гуфтаниам, ки ҳоло ба гӯши мардуми шарифи тоҷик чунин суханҳои подарҳаво намефорад, магарам шахсони дорандаи ақли кӯчаки мисли худашон. Аз ин рӯ, кӯшишу талошҳои беҳудаи шумоён ба гумроҳ кардани халқи тоҷик ягон натиҷа нахоҳад дод ва ба тараққиёту пешрафти кишвари азизамон таъсире нахоҳад гузошт.

Н.А. АТОЕВА, узви фаъоли ҲХДТ, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ФДТТИ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>