БАДХОҲИ КАСОН ҲЕҶ БА МАҚСАД НАМЕРАСАД

Бадхоҳи касон ҳеҷ ба мақсад намерасад,

Як бад накунад, то ба худаш сад нарасад.

Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман,

Ту нек набиниву ба ман бад нарасад.

Имрӯз симои аслии душманони миллат маълум ва мардуми кишвари Тоҷикистон онҳоро ҳамчун як нафарони хоин, ватанфурӯш ва нокасу палид мешиносанд. Инҳо хоинони миллат дар Аврупо зиндагии муҳоҷирона доранд, дарбадар ва дур аз Ватан мебошанд. Чунин аст ҷазои чунин касоне, ки Ватану миллати худро мефӯрашанд. Ва чунин хиёнаткорро на Ватан ва на ҷомеа ҳеҷ гоҳ намебахшад. Касе, ки манфиати худро аз манфиати халқ боло медонад, ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ намерасад. Ҳарчанд бешарафона аз дур истода, тариқи сомонаҳои интернетӣ суханҳои дурӯғу фитнаангезро нисбати ҷомеаи мо паҳн мекунанд. Бо ин роҳ гӯё ҳаммаслакони худро пайдо карданианд.

Аслан муассисони ҲНИ аз рӯзе, ки ба фаъолият шурӯъ карданд, чӣ фоидае ба халқу ватан оварда бошанд. Доим мухолифи давлатанд. Онҳо ҳамеша барои роҳандозии мақсади нопоки худ кор кардаанд. Имрӯз аз корҳои зишти онҳо тамоми дунё воқиф гардид. Онҳо ягон нияти нек надоранд. Ҳамчунин онҳо бозичаи хориҷиён гардидаанд. Аз вақте ки аъзои собиқ ҲНИ айни замон ТЭН ҲНИ шуданаш ба халқу Ватану худ хиёнат карданро сар кардааст.

Душманони миллат муддати чанд сол аст, ки мардуми Тоҷикистонро бо суханҳои дурӯғу бемаъниаш дар арсаи ҷаҳон паст карданӣ мехоҳад. Новобаста аз таҳдиду харакатҳои ҲНИ мо итминон дорем, ки ваҳдату якдилию ва сулҳу суботи кишвари Тоҷикистон бебозгашт буда, халқи мо дар ҳамбастагӣ бо тоҷику тоҷикзабонони тамоми дунё бо роҳнамоии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳадафҳои олии миллат ноил гардида, мавқеи геополитикӣ ва геостратегии худро боз ҳам таҳким мебахшад.

Саҳми арзанда ва хизмати шабонарӯзӣ ва шуҷоату қаҳрамонии Асосгузории сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки имрӯз дар кишвари мо сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат арзёбӣ мегардад. Ва имрӯз он хонинони миллат, ки нисбати халқи мо хоини мекунанд, хеҷ гоҳ ба мақсади нопокии худ намерасанд.

Таҳмина НАБИЕВА, узви фаъоли ҲХДТ, омӯзгори ФДТТИ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>