ПОЙДОРИИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА АБАДИЯТИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Дар арафаи солгарди иди Ваҳдати миллӣ дар бораи талошу кўшиш ва саъю ғайрати абармарди миллат, ки барои фароҳам овардани сулҳу тоҷикон фидокорӣ кардааст, ёдрас мешавем. Баъди пароканда гардидани Ҳокимяти Шўравӣ Ҷумҳурии Тоҷикстон ҳамчун давлати навбунёд ба бисёр нокомиҳо гирифтор шуд, ҳодисаҳои нангини бадбинӣ, гурўҳбозӣ, маҳалчигӣ ва майдоншинӣ рўй доданд, ки оқибат ба ҷанги гражданӣ оварда расонид. Ҷанги мусаллаҳона зиндагии осоиштаи мардумро халалдор намуда, ба соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ зарари калон расонид. Хушбахтона, дар ҳамон вазъияти басо сангин дар Иҷлосияи ХVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд моҳи ноябри соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раъйи вакилон интихоб гардида, бо катъият ба халқи тоҷик чунин изҳор карда буданд. «То даме, ки силоҳро нагузорему сулҳу оромиро дар сарзамини худ барқарор насозем ва ба меҳнати созанда шурўъ накунем, ҳеҷ гуна кўмаку мусоидати кишварҳои дигар вазъияти моро беҳтар карда наметавонад ва то охирин гурезаҳои иҷбориро ба ватан барнагардонам худро орому осуда ҳис карда наметавонам ва тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфоии Ватани азизамон садоқатмандона меҳнат мекунам».

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баргардонидани гурезаҳо комиссияи ҳукуматӣ ташкил карда, ба Афғонистон сафар намуданд. Роҳбари давлат бо ҳамватанони иҷборӣ ҳамсуҳбат шуда, онҳоро ба ватан баргардонанд. Барои баргардонидани гурезаҳои тоҷик аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар хатар гузошта, ҳамватанонамонро бовар мекунонданд, ки ба ватан баргарданд, Ватан обод гардида истодааст ва кафолати ҷони ҳар кадоми онҳоро медод.

Соли 1994 фарзанди барўманди миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати тоҷикон интихоб шуданд.

Чандин даври музокирот ва гуфтушунид байни намояндагони давлат ва мухолифони тоҷик, ки дар шаҳрҳои Теҳрон, Ашқобод, Алмаато ва ғайра баргузор шуда, дар охир, 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Москва Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ имзо гардид. Дар Тоҷикистони ҷоноҷони мо рўзи 27-уми июн ҳамасола ҳамчун Рўзи Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва якдилии мардуми тоҷик ҷашн гирифта мешавад.

Дар ҳақиқатан ваҳдати миллӣ асоси шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукумфармост, он давлат рўз аз рўз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан рушд мекунад, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам ҷиҳати фарҳангӣ пеш меравад. Маҳз бо кўшишу талошҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, Тоҷикистони азиз ба чор самти дунё роҳ ёфт ва имрўз дар чеҳраи ҳар як фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, дўстиву рафоқати якдигарфаҳмӣ падидор аст ва ин хизматҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди таърих ва миллат беназиру бузург буда, номи ин абармарди миллатамон дар таърихи халқи тоҷик абадан боқӣ хоҳад монд.

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиш мардуми барнодилам.

Фарзона МАМАДҚУЛОВА узви фаъоли ҲХДТ,,

омўзгори кафедраи фанҳои гуманитарии ФДТТИ.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>