Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон

unnamed

Таърих шоҳид аст, ки миллати соҳибтамаддуни тоҷик дар ҳама давру замон иттиҳоду ягонагии аҳли ҷомеаро тарғиб намуда, худ таҳаммулгарост ва намояндагони дигар халқу миллатҳо ва дину масоҳибро эътирофу эҳтиром намудааст.

    Аз баракати дастгирии самимонаи халқи сулҳдӯсту ободгари Тоҷикистон мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ истиқрори ваҳдати миллиро дар саросари кишвар таъмин карда, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам созем. Қабул намудани андешаи ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати давлат ва шиори зиндагӣ барои мо, тоҷикон, бесабаб набуд. Зеро бар асари нобасомониҳои солҳои охири асри гузашта кор ба дараҷае расид, ки дар байни мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо амали нангин ва хатарбори бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву сангаргирӣ доман паҳн намуд, ки оқибат боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ гардид.

    Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бори дигар аз дурандешӣ ва хирадмандии Раиси муаззами Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак медиҳад, ки дар саргаҳи ҷунбишҳои халқӣ қарор гирифта, эътимоди худро ба иродаи созандаи мардуми кишвар баён карда буданд. Ин сана барои Тоҷикистон аҳамияти бузурги таърихӣ дорад, зеро имрӯз халқи бар асари ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ азиятдида ва аз ҳам ҷудошударо ба ҳамдигарфаҳмию ваҳдат овард. Ваҳдати миллӣ ба осонӣ ба мо муяссар нашудааст ва ҳамагонро водор мекунад, ки ба қадри ин неъмати бузург расида бошем ва барои таҳкими он кӯшиш намоем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>