Ҳақшиносиро дар шинохти хеш мебинем

“Одам мавҷудоти боақлу шуур аст, бинобар ин, бояд дар рафтор ба ақли худ гӯш диҳад. Одами боақл ҳам ба худ ва ҳам ба ҷамъият фоида меоварад ва мардум ба одами боақл бовар мекунанд”.

Ба Муҳиддин Кабирӣ ва думравони ӯ, ки бо суханҳо ва навиштаҳои фитнаомези худ ба ваҳдати миллии тоҷикон таъсири манфӣ расониданианд, гуфтаниам, ки ҳарчанд худро инсони боақлу донишманд меҳисобанд, роҳи ҳақшиносиро дар чӣ дидаанд. Магар ҳақшиносӣ ин худшиносӣ нест, ки бо тафаккур идрок карда мешавад. Пас, мафҳуми зистанро дар чӣ дидаед, ки оромии мардуми осоиштаро халалдор мекунед? Ҳол он ки Худованди бузургу тавоно ваъда додааст, ки худаш ин динро муҳофизат менамояд ва муҳтоҷ ба ягон ҳизбу ҳаракати иғвоангез нест. Магар шумо оёти Қуръони Карим “Гуноҳи фитна ва иғво аз қатл вазнинтар аст” ро нахондаед.

Дар даъвоҳоятон аз оёти Куръону Ҳадиси Паёмбар далел меоваред, магар ин оётро нахондаед, ки ба ҷойи меҳнат карда, музди ҳалол ба даст овардан ба фитнаву иғвогарӣ машғулед.

Пас, огоҳ бошед, ки мардуми тоҷик дар раванди ҷаҳонишавӣ мисли пешин содаву зудбовар нест, шунавидаҳояшро таҳлил мекунаду хулоса мебарорад. Замони карахтие, ки мардумро бо донишҳои ба ном “динӣ” гумроҳ мекардед, гузашт.

Замоне расидааст, ки мардум дар хонаҳояшон истода, бо ҳама навъи донишҳо дастрасӣ пайдо кардаанду роҳи ҳақшиносиро дар шинохти хеш мебинанд.

Фотимахон МАМАДҶОНОВА, узви фаъоли ҲХДТ,

ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ФДТТИ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>