Бисту се соли эҳёи миллӣ

sulh

Табқи нақшаи тасдиқгардидашудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ дар сехи дузандагии “Муҳайё”-и деҳаи Саидқалъа соати сиёсӣ таҳти  унвони “Ваҳдати миллӣ– пояи сулҳ” гузаронида шуд.

         Дар рафти вохӯрӣ раиси кумитаи иҷроия Ойбек Насруллозода ҳамагонро бо иди дар пешистодаи Ваҳдати миллӣ табрик намуданд. Инчунин иброз дошт, ки дастовардҳои  соҳибистиқлолӣ ин ягонагии миллӣ ва Ваҳдату сулҳу субот бо ҷидду ҷаҳди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Имрӯз мо дар пояи ҷанши 23-юмин солгарди Ваҳдати миллӣ қарор дорем. 27 июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлол тақдирсоз ва нақши  беҳамто дорад, ки бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун як сарвати ноёб ҳифз намоем, баҳри ягонагӣ миллат ва давлатдории мустақилона масъулиятшинос бошем. Имрӯзҳо душманон ва иғвогарони миллат, ки истифода аз бемории сироятии короновирус бо ҳаргуна иғвоҳои бардуруғи худ сар баровардаанд, то ба суботу ороми халадор бошанд. Мо бо сари баланд гуфта метавонем, Тоҷикистон бо халқи меҳнаткашу суҳлпарвари худ аз ин имтиҳон низ бо сари баланд баромада истодааст, ки ин ҳам як дастоварди халқи тоҷик таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад.

   Ҳамзамон оиди пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии короновирус сухан гуфта, муроҷиатнома ба кормандони сех тақсим намуданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>