Ваҳдати миллӣ – пояи сулҳ

unnamed

Сулҳу ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам,

Васфи онҳоро намояд, решаи ҷону дилам.

Дар миёни қавмҳо пайвастагӣ моро аз он,

Даҳр бинмояд ситоиши мардуми барнодилам.

Ваҳдат – беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замону замин аст. Ваҳдат ва сулҳи умумибашарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқей макони онро дар миқёси ҷаҳон овозадор менамояд. Имрӯз мавзӯъи иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидааст. Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулқ ва ризоияти миллӣ дар таърихи давлати тозаистиқлоли тоҷикон марҳилаи нав сифатан оғоз гардид. Ба даст омадани сулҳу субот ва ибтидои раванди ваҳдати миллӣ барои ташкили ниҳодҳои давлатӣ ва мустаҳкам намудани онҳо шароити  мусоид  ба миён овард.

Ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳию худшиносӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд. Ҳар соли сипаришуда ба умри сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон соле зам мекунад. Ва аҳамияти ин санади тақдирсоз бо гузашти солҳо беш аз пеш меафзояд.

Имрӯз бояд тамоми аҳли ҷомеа, бахусус ҷавонон баҳри таҳкими ин неъмати таърихӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, дар пешрафти кишвар саҳмгузор бошанд. Зеро маҳз ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз баҳри соҳибкасбу соҳибмаълумот гардидани насли наврасу ҷавон тамоми имкониятҳои илмомӯзӣ фароҳам оварда шуда, ҷиҳати ба корҳои илмӣ ва ихтирокорӣ машғул гардидани ҷавонон тамоми шароитҳо муҳайёст.

Мутахассиси КИ ХХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Исмоилова М.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>