Ваҳдати миллӣ ва ифтихори ватандорӣ !

unnamed

Мо дар арафаи таҷлили Рўзи Ваҳдати миллӣ қарор дорем. Санаи 27 июнро пиру барнои Ватан бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ваҳдат ва оромишу осудагӣ пешвоз мегиранд. Ҳар сол дар Тоҷикисон дар ин рўз чорабиниҳои зиёди хотирмон баргузор мегарданд. Пешвои муаззами миллат ба яке аз минтақаҳои кишвари азизамон ташриф оварда мардумро сарҷамъ намуда аз ободкориҳои нав ва пешрафтҳои шоиста мужда медиҳанд.

Оре, Ваҳдат чист? Ваҳдат ин осудагӣ, оромӣ, сулҳу суббот, якдигарфаҳмӣ, хайру баракат ва пешрафт аст. Ваҳдат, сулҳ ва оромӣ орзуи сокинони мамлакатҳои ҷангзада ва нотинҷ аст.

Ба қадри ваҳдат ва сулҳ бародарон, падарону бобоёни мо, ононе, ки ҷавониашон дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ гузашта буд, бештар мерасанд.

Ваҳдат ба мо чӣ дод? Ваҳдати миллӣ имкон фароҳам овард, ки мо пояҳои давлати навини соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиамонро устувор гардонем, ба пешбурди ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ даст дод.

Аз ин ҷост, ки санаи фархундаи 27 уми июнро мо бо шукўҳу шаҳомат ва дастовардҳои бузурги меҳнатӣ ва корҳои ободонӣ таҷлил менамоем.

Маҳс ваҳдату якдигарфаҳмӣ халқи Тоҷикистонро таҳти сарварӣ ва раҳнамоии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кору фаъолияти ибратбахш ба чунин рўзҳои нек расонид.

Ваҳдат ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва осудагию хуррамии мардуми Тоҷикистон асос гузошта, ба Тоҷикистон ва сарвари миллати тоҷик мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи сиёсати байналхалқӣ обрўю эътибори баланди сиёсӣ ҳадя намуд.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки беҳуда нест,ки бо мақсади эҳтирому қадршиносӣ ба ин шахсияти бузург санаи 9- декабри соли 2015 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат»-ро ба тасвиб расонида расман ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўхтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони Пешвои миллатро дод. Дар ҳақиқат хизматҳои мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи дубораи кишвари азизи мо, хомўш намудани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, барқарорсозии сулҳу ваҳдат, аз парешонӣ раҳонидану сарҷамъ намудани миллат басо бузург аст.

Маҳз ин шахсияти бузург тавонистанд ба ақлу хиради дурбинона дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҷаҳони сиёсат қадамҳои устуворона гузошта рў ба асолати миллӣ оварда баҳри баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ, худшиносии миллӣ, муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ нақши босазо гузоранд

Дар айёми такмили соҳибистиқлолии кишвар Пешвои миллат ба арзишҳои таърихӣ умри дубора бахшиданд. Зеро бо ибтикор ва саҳми босазои ин шахсият бузургдошти Исмоли Сомонӣ, Абуҳанифа Имоми Аъзам, Абўабдулллоҳи Рўдакӣ, Мавлоно Ҷалолидини Балхӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хисрав, Камоли Хуҷандӣ, Имом Ѓаззолӣ ва дигарон доир шуда, тавассути таҷлили солгарди шаҳрҳои қадима- Ҳисор, Кўлоб, Истаравшан, Саразми бостон ва ѓайра диёри мо ободу зебо гардида истодааст.

Ин муваффақиятҳоро метавон бо чунин ҷумлаҳо ин ҷо рўи варақ овард, хушаҳои аз хирвори дастовардҳои асосии Пешвои миллат чун сиёсатмадори арсаи байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд:

1. Бо ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат давлатдории миллии мо поягузорӣ шуда аз парокандагӣ раҳоӣ ёфт.

2. Бо ҷасорат ва иродаи қавии ин шахсият, рўҳбаланадсозии мардум, боварӣ ба ояндаи нек Тоҷикистониёнро ба ваҳдати миллии пойдор ва зиндагонии шоиста шарафёб намуд.

3. Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат тамомияти арзӣ ва чун кишвари ягонаю соҳибихтиёр дар ҷаҳон эътироф гардидем.

4. Тавонистем сохтори давлатдориро такмил дода, Тоҷикистонро ба як давлати комил мубаддал намоем.

5. Бо доир гардидани чорабиниҳои сатҳи байналхалқӣ дар кишвар ва пешниҳодҳои ҷолиб оид ба ҳалли масъалаҳои глобалӣ аз ҷониби Пешвои миллат нуфуси сиёсии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ба маротиб боло рафт.

6. Мактаби давлатдорӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ такмил ёфта, ҷанбаҳои нав, шакл, сохтор мазмун ва арзишҳои нав ба худ касб намуд.

7. Ин шахсияти таърихӣ тавонистанд дар муддати қариб 30 сол фарҳанги миллӣ, арзишҳои миллӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолиятро таҳким бахшида, бо устувор гардидани иқтидори иқтисодии мамлакат ба натиҷаҳои хуб замина гузоранд.

8. Тоҷикистон дар даҳгонаи давлатҳои осуда ва сайёхӣ табдил ёфт.

Муваффақиятҳои имрўза шаҳрвандони Тоҷикистонро вазифадор менамояд, ки қадрдону дўстдори ин ватани биҳиштосо бошанд. Ба қадри сулҳ, дастовардҳои даврони истиқлолият ва арзишҳои миллӣ бирасанд.

Мо бояд ба дасисаву финагириҳои душманонони миллат дода нашавем. Онҳоро маҳкум намоем. Ҳушёриву зиракиро аз даст надода ҳомии сулҳу ваҳдат ва тинҷию амонӣ бошем.

Дар маҷмўъ таҷлили ин санаҳои фархунда- Рўзи Ваҳдати миллӣ барои махсусан насли ҷавон як саҳифаи омўзиш, тарбият ва ибратомўзӣ мебошад. Ҷавононро акнун рўҳияи қавӣ, ватандўстию таҳамулпазирӣ ва пайрави ба Пешвои миллат мебояд. Мо бояд пиру барно ба қадру қиммати сулҳу ваҳдат ва хизматҳои арзандаи Пешвои миллат расида, бо сипосгузорӣ дар ҷавоб барои ободонии ватан, гул-гулшукуфоӣ ва ҳимояи марзу буми он саҳми арзандаи худро гузорем.

Мурод Шукурзода,

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>