Филиали ДИИШ дар Аврупо

104419806_321359015522826_7438964664719609158_o

Муддатест, ки дар мамолики Аврупо аз ин гӯшае ба он гӯшае нухбагони ҳизби экстремистии наҳзат ба сафсатагӯйиву туҳмату буҳтон машғул буда, дар баробари ин ташкилоти дигари экстремистиро ба номи Паймони миллӣ таъсис дода гурӯҳакеро атрофии хеш ҷамъ овардаанд ва ҳамарӯза тариқи шабакаҳои интернетӣ баромад намуда истодаанд.

Аҷиб он аст, дар ин мамлакатҳо ин афрод худро ҷониби демократия муаррифӣ намуда, аслан ба хиёнаткорӣ машғул ҳастанд. Дигар ин ки ба таври ҳамешагӣ аз пайдоиши ҳизб то давраи мамнуъ гардидани фаъолият бурди ин тоифаҳо истифодаи ислом буд ва аксари аъзоёни наҳзат танҳо бо хотири «исломӣ» будани ҳизб шомил гардида буданд. Кадом аъзоёнаш фаҳмиши демократияро қабул дошт, ягон нафар, танҳо ислом мегуфтанду мардуми бечораро ба доми тазвири хеш меафтониданд.

Чаро дар мавод мо наҳзатро филлиали ТТЭ ДИИШ ном бурдем, зеро фаъолияти ин ҳизб ва рафторҳои онон ҳангоми ҷанги бародаркӯш ба харобкориҳои имрӯза ДИИШ сахт монанд аст. Масаланд дар маводе таҳти унвони «Ҳизби наҳзати исломӣ, гузаштаи хушунатбор ва ҳозираи дурӯғу гумроҳкунӣ (Сомонаи Баладна.нюз. 02.06.2020)» хуб қайд карда шудааст, ки «Агар пайдоиши ташкилоти террористӣ-экстремистии “Давлати исломии Ироқу Шом” таърихи 5 сола дошта бошад, айнан ғояҳои монанд ба он дар ташкилоти террористӣ-экстремистии “Ҳизби наҳзати ислом” ҳануз дар асри гузашта дида мешуд. Онҳо ба таври ваҳшиёна дар солҳои 90¬ уми асри гузашта зиёда аз 150 000 шаҳрванди осоиштаро террор намуданд. Бинобар ин, ҳайратовар нест, ки имрӯзҳо аъзои ин ташкилот дар сафи ҷангиёни ДИИШ дар давлатҳои Ироқу Сурия меҷанганду, мутаассифона амалхои ҷинояткоронаи хешро дар кишварҳои осоишта давом медиҳанд.»

Ҳизби наҳзат то имрӯз аз номи дин «ризқи ҳалол»-и хешро дарёфт ва мардумро ба ойини инсонбадбинӣ ва тафриқа роҳандозӣ намуду ҳамеша дар замони фаъолияти ҳизб дар кишвар аз минбарҳо ҳизби худро ягона ҳизби сиёсии динӣ дар миёни давлатҳои Осиёи Марказӣ эълон мекард ва маккориашро, бубинед, ки имрӯз аз номи ислом ба хотири равнақ ёфтан дар Аврупо даст кашида, то ҳатто дар суҳбат бо яке аз Агентиҳои иттилоотӣ қайд кардааст, ки “мо хоҳони сохтори давлати динӣ ва теократӣ дар Тоҷикистон нестем. Мо ҳизби демократӣ бо номи исломием”! Ин чӣ маънӣ медиҳад ба инсонҳои солимандеш маълум. Маънӣ чунин аст, ки Кабирӣ метарсад, ки дар ҳоли исломӣ баромад карданаш аврупоиҳо таърихи гузаштаи ӯро варақ мезананд ва оҳистакак ӯро берун мекунанд. ТТЭ «Паймони миллӣ»-ро низ ташкил кардану худро «демукросӣ» эълон карданаш ҳам тарс аз оқибати ҳамкориҳояш бо ташкилотҳои террористӣ ва дастгир шуданаш ҳам ҳаст.

Ин рафтораш ҳам ӯро медонед чи хел муаррифӣ мекунад? Албатта назди хоҷагону дустони террористаш «хиёнаткор» ва назди аврупоиҳои «озод» ду… Зеро Аврупо шояд аллакай асли ӯро медонанд ва чуноне, ки медонем ӯро барои бозӣ-бозӣ истифода мебаранд. Чунин таҷрибаи бозӣ-бозиро аврупоиҳо дӯст медоранд. Дар ҳоли асосӣ бошад Кабирӣ, ки шогирди бовафои тундгароён ва ифротиҳо ҳаст аз одати хеш, ки даст нахоҳад кашид ва ноором хоҳад сохт, ҳар ҷо бошад истифода хоҳад кард.

Мутаассифона мардум дар мамолики исломӣ чунон аз ҳизбҳои ба ном исломӣ, ки аслан ташкилотҳои террористӣ ҳастанд безоранд, ки агар тавони озод буданро пайдо намоянд аз дин даст хоҳанд кашид. Ана инҷо матлаби асосӣ он аст, ки ҳизбу ташкилотҳои террористтии «Наҳзат», «ДИИШ», «Толибон», «Ансоруллоҳ», «Салафия», «Ихвонулмуслимин» ва дигар танҳо барои харобии дину ойини мардум ташкил карда шуда, бо ҳам дар ин миён ҳамкориҳои зиёде доранд.

Кишварҳои Аврупо аз ин найрангҳои наҳзат шояд бохабар бошад, вале бояд сари дасти ин ифротиҳоро бигирад, ки рӯзе ба сари мардуми осоишта ин тоифа бало хоҳанд овард. Б.Некхоҳ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>