Коронавирус дастак барои душманони миллат

Pexels_concept_of_covid_19_in_red_background_4031867.5e94756403008

Имрӯзҳо садоҳои зархаридони миллат, ки дар хориҷа зиндагонӣ мекунанд бештар дар атрофи вабои ба сари миллати мо омада баланд гардидааст. Онҳо гунаҳгори асосии ба вабо мубтало шудани мардумро дар Тоҷикистон танҳо ба як нафар марбут медонанд.

Онҳо аз зери нохун чирк кофтанро дӯст медоранд, аммо ба мамлакатҳои дигар як маротиба назар кунанд, ҳолати ин гуна давлатҳо чи гуна аст, зеро ҳар ҳукумате дар замони муосир мухолифин дорад, ки як амри табиист. Масалан, дар кишвари ба мо наздиктар – Россия, ҳукумат мухолифини шадиде дорад, аммо ҳеҷ кадоми онҳо дар ин марҳалаи бемории кишвар мардумро ба муборизаи зидди ҳукумат даъват накарда, балки баръакс ба ҳамкориву мадад хондааст, то бо ҳамдастӣ аз ин фоҷиа зудтар раҳо шаванд. Дар ин ҳолат на танҳо мухолифини ҳукуматҳо дар ҳар кишвар, балки ҳатто давлатҳои ба ҳамдигар мухолиф ва дар лагерҳои гуногуни ҳарбӣ қарордошта, ҳамчун Россия ва Итолиё, ба ҳамдигар дасти мадад дароз карда, ҳамкорӣ мекунанд.

Оё мухолифини зархарид чашму ақлу гӯшу ҳуш надоранд, ин ҳамаро намебинанду намедонанд?! На, мебинанду медонанд, вале нафси оромнагирандаи ҳукуматталабиашон намегузорад, ки аз рӯйи адлу инсоф, адолату инсонигарӣ амал кунанд. Рафтори ба ин монанди ин гуна махлуқонро, ки ёрии башардӯстонаи Россияро ба Итолиё ҳамчун амали ғаразнок маънидод карданӣ шуданд. Вақте ки кишварҳо ва инсонҳои дар лагерҳои мухолиф қарордошта чунин рафтор мекунанду чунин мегӯянд, оё як лаҳза дар бораи ҳифзи ҷони мардум ва манфиати кишвари худ, агар шумо худро зодаи ин марзу бум медонед, андешидан зарур нест?! Оё қарзи виҷдонии ҳар касе ки худро тоҷик ва аҳли Тоҷикистон медонад, дар айни ҳол бо нишон додани вазъи кишвар дар ин буҳрони сироятӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостани мадад нест, ки мардум бар ин бало ҳарчи зудтар ғолиб оянд? Ё монанди шумо ҳукуматро корношоям вонамуд карда, дар зинаи аввал байни мардум тарсу воҳима афканем ва баъдан ҷомеаи ҷаҳониро ҳам аз мадад кардан монеъ шавем? Оё ин амали инсонӣ ва пуштибонии мардум аст? Оё шумо ва пайравони зархаридатон, ки аз номи дини мубини ислом ва демократияву инсондӯстӣ сухан гуфта, ҳам динро бадном мекунеду ҳам халқро фирефтан мехоҳед, тарс аз Худову шарм аз мардум надоред?!

Касе намегӯяд, ки кори ҳукумат дар ин соҳа камбудӣ надорад, аммо ҳоло вақти байрақ кардани он нест, балки замони он аст, ки бо сарҷамъӣ роҳҳои ҳарчи зудтар аз ин беморӣ халосӣ ёфтанро пайдо кардан аст, вақти бовару эътимодро дар дилҳову рӯҳияҳо қавитар карда, ин марҳалаи хатарнокро камталафоттар тай кардан аст. Ин ҳоло равиши ҷаҳонии аз ин буҳрон раҳидан аст. Беҳуда нест, ки ҳатто созмони Иттиҳоди Аврупо дар ин масъала аз ИМА ва Президенти он Доналд Трамп, ки ба Чин даъвои гунаҳкорӣ дар буҳрони COVID – 19 мекард, худро канор гирифта, зиддият изҳор кард. Роҳи пешгирифтаи ҳукумати мо, ки ба воситаи карантини нарм раҳо ёфтан буд, дурустии худро нишон дода истодааст, зеро бо вазъияти иқтисодие, ки кишвари мо дорад, ин ягона роҳест, ки иқтисодиёт бо осеби камтар аз он берун барояд, зеро зиндагӣ давом дорад ва он иқтисодиёти солим мехоҳад. Бинобар ин дар ҳар кор ба оқибати он бояд андешид, ки маҳсули нек бидиҳад.

Дар кишвари мо паҳншавии COVID – 19 дертар оғоз шуд, ки натиҷаи чораҳои саривақтии ҳукумати мамлакат аз пешгирии он буд: сарҳади мамлакат ба зудӣ баста шуд, мусофироне, ки аз кишварҳои дигар бармегаштанд, ҳама ҳатман аз карантини чаҳордаҳрӯза гузаронида шуданд, аз аввалин рӯзҳо таблиғу ташвиқи чораҳои беҳдоштӣ ба мардум оғоз гашт, вале бо вуҷуди ин, вируси фарогир дар кишвар доман паҳн кард ва ҷонҳои азизони моро рабуд, ки аз ин ҷойи гурез ҳам набуд. Тоҷикистон кишвари дарбастае нест, кишвари озоду демократӣ ва дарҳояш ҳамеша боз аст, ки ба он рӯзе даҳҳову садҳо рафтуомад доранд ва аз ин рӯ, аз ин вирус барканор намондани он як амри табиӣ ба назар мерасад, дар ҳоле ки бисёр кишварҳои дигари ҷаҳон аз мо хеле пештар ба он мубтало шуданд. Ин барои кишвари мо фурсат дод, ки хасоиси вирусро хубтар шиносем, таҷрибаи муборизаи дигаронро зери даст дошта бошем, бе тарсу ҳарос ва бо имони комили пирӯзӣ бар вирус ба арсаи шифо бахшидани мубталоён ворид шавем. Дар ин ҷабҳа мо ҳоло хуб медонем, ки аз ҳама василаи муассир ва осон барои ҳама риояи қоидаҳои беҳдоштӣ – аз ҷумла, дар пайи ҳар амал бо собун ва оби гарм шустани даст, дар ҳолатҳои зарурӣ пӯшидани ниқоб, эҳтироз аз саломи дастиву оғӯшгирӣ, нигоҳ доштани фосила ҳангоми гуфтугӯ ва барои солхӯрдагон бе зарурат аз хона берун нарафтан мебошад. Кишварҳое, ки ин қоидаҳоро иҷро карданд, ба монанди Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон бо талафоти нисбатан кам ва зудтар аз буҳрони беморӣ халосӣ ёфтанд. Ин таҷрибаро ҳамаҷониба истифода кардани мо зарур аст. Вақте ки мо бо ин силоҳи муассир ва дар айни ҳол, ба ҳама дастрас мусаллаҳ мешавем, эҳсоси тарс камтар мешавад.

Шарипова М. — дотсенти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики

ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>