ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН – ТАҲКИМБАХШИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

unnamed

Барои расидан ба Ваҳдати миллӣ халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандўстон ободу зебо гардонад.

Дар ин раванд нақши ҷавонон хеле назаррас мебошад. Онҳо иштирокчии фаъоли барқароркунии сохти конститутсионӣ ва пойдории кишвар буда, баҳри пешрафти ҷомеаи навин қадамҳои устувор мегузоранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Марҳилаи на чандон тўлонии таърихӣ собит сохт, ки тоҷикон дар ҳақиқат миллати созандаву бунёдкор, ватандўсту ватанпарвар, соҳибтамаддуну фарҳангӣ ва сулҳхоҳу таҳаммулгаро  буда, метавонанд бо ваҳдату сарҷамъии худ ҷомеаи воқеан муассири  демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намоянд.

Дар робита ба ин, ба шумо ҷавонони азиз, муроҷиат менамоям, ки ин дастоварди бузурги таърихӣ-ваҳдати миллиро гиромӣ доред, онро эҳтирому эҳтиёт кунед, ояндабину дурандеш бошед, парчами ваҳдатро баланд бардоред, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошед ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дўст доред».

Ҷавонони бомаърифати тоҷик ин падидаи муқаддасро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, баҳри боз ҳам таҳким бахшидан ба он шаклу усулҳои гуногунро истифода бурда, ташаббусҳои навро дар фазои сулҳпарварӣ падидор мекарданд.

Чунин як иқдоми нек байни Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат» ба амал омад.

Дар ибтидои моҳи июни соли 1999 як гурў ҷавонони соҳибдилу фидокори Фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат» бо ташаббуси гузаронидани чорабинии «Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат» баромад кардаанд.

Мувофиқи нақша Корвон мебоист аз ағбаи Кулма (4362 м) ба роҳ мебаромад. Ағбаи мазкур дар сарҳади Тоҷикистону Хитой ҷой гирифтааст  ва 10 км дуртар аз он роҳи машҳури сангфарши Қароқурум мегузарад. Корвон аз ҳудуди тамоми кишвар (зиёда аз 1500 км) роҳ паймуда,  мебоист дар шаҳри Исфара ба манзил мерасид, ки дар наздики роҳҳои автомобилгарди Осиёи Миёна воқеъ гардида аст.

5-уми  июли соли 1999 Корвони Сулҳу Ваҳдат ба роҳ баромад, ки аз ағбаи Кулма ба Хоруғу  Кӯлобу  Кофариниҳону Душанбе ва сипас аз Анзобу Истаравшану  Хуҷанду  Исфара  гузашта,  тамоми  манотиқи Тоҷикистони азизи моро, дилҳои пурумеди умедворони якпорчагии миллатро, риштаҳои гусастаро бо ҳам пайваст. Мардум  Корвони Сулҳу Ваҳдатро дар ҳар макон бо пирӯзиҳо истиқбол мекард. Ба Корвон беҳтарин сиёсатмадорон, арбобони давлат, ҳунармандон, пешқадамони истеҳсолот шомил буданд. Корвон аз 20 шаҳру навоҳӣ гузар кард. Сафи корвониён аз 3 нафар ба 240 нафар расид. Даҳҳо базмҳои дӯстию якдилӣ баргузор гардида, дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муроҷиатнома ба мардуми шарифи Тоҷикистон, ба ҳама қувваҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ қабул гардид.

10-уми июли соли 1999 Корвон вориди шаҳри Исфара шуд. Дар осоишгоҳи «Зумрад» конфронси V байналмилалии илмӣ-амалии «Раванди сулҳ дар Тоҷикистон: ваҳдат ва кафолати раванди сулҳ» баргузор гардид. Маърӯзаю гузоришҳои профессорон Расул Ҳодизода, Атахон Сайфуллоев, Усмонҷон Ғаффоров ва дигарон ба мавзӯъҳои «Аҳамияти башардӯстонаи Шоҳроҳи Ваҳдат», «Мавзӯи ваҳдат дар адабиёти классикии тоҷик», «Роҳи Ваҳдат омили хештаншиносӣ», «Забон ва Ваҳдат», «Оид ба ҷараёни бозгашти гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ аз Давлати Афғонистон ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», «Саҳми Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комёб шудан ба истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ» бахшида шуда буданд.

Нуқтаи кулминатсионии Барномаи Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат таҷлили Фестивали якуми ҷумҳуриявии сурудҳои сиёсӣ дар мавзӯи «Тоҷикистон – меҳани ягонаи мо» дар Кохи фарҳангии «Шифокорон» буд. Дар фестивали мазкур зиёда аз 40 нафар ҳофизон аз шаҳру ноҳияҳои кишварамон ширкат варзиданд. Ин фестивал пайвандгари наслҳо гардид. Намояндаи насли калонсолони ҳофизонро Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикиситон Карим Қосимов, насли миёнаро Шараф Азизов, насли ҷавони ҳофизонро Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Саида Замонаваю ҳофизи хушилҳом Исроил Файзиддинов ва дигарон муаррифӣ менамуданд.

Корвони Сулҳу Ваҳдат тавонист, ки ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро, тарғиби ғояи дӯстӣ, паҳлӯҳо, ҳадафҳо ва натиҷаи ниҳоии неки онро ба дилу дидаи мардуми саросари ҷумҳурӣ расонад. Ҳама аҳли Корвон, ситоди Корвон – Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим – Шоҳроҳи Ваҳдат», ки бо иштироки аҳли тадорукот ва сокинони  маҳалҳо бо садҳо ҳазорон ва тавассути васоити ахбори умум ба миллионҳо расид, дар ин кори бузург саҳми босазо гузоштанд.

Корвони Сулҳу Ваҳдат вақте, ки сафари худро аз ағбаи Кулма шурӯъ намуд, як мушт хокро дар кӯзаи шикастае, ки рамзи парокандагии Тоҷикистон буд, андохта ба худ гирифт.

Аҳли Корвон раҳораҳ аз ҳама маҳалҳои ҷумҳурӣ зарра-зарра хоки ватани моро гирд овард, ки аз он устоҳои гулдасти Исфара кӯзаи нақшини зебое сохтанд ва он ба таври рамзӣ «Кӯзаи Ваҳдат» номида шуда буд. «Кӯзаи Ваҳдат»-ро   дар  рӯзи Анҷумани чоруми тоҷикони ҷаҳон дар ҳузури вакилон ва меҳмони ҷашн мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳҳоб Набиев ва сорбони Корвон Абдуғанӣ Маҳмадазимов ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон супориданд.

Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти ба худ хос «Кӯзаи Ваҳдат»-ро қабул карда, онро бӯсида изҳор намуд: «Ин кӯза аз хок нест, тиллост! Зеро ки тамоми хоки Тоҷикистон зар аст!».

Айни замон «Кӯзаи Ваҳдат» чун нигораи нодир Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба номи Камолиддин Беҳзодро оро медиҳад.

Ҳангоми тарҳсозии барномаи сафари навбатии Корвони Сулҳу Ваҳдат таҷрибаи созмондиҳӣ ва гузаронидани Корвони нахустини Сулҳу Ваҳдат мадади калон расонид. Аз муваффақиятҳою камбудиҳои он хулосаҳои даркорӣ бароварда шуданд. Баъди омодагии пухта Фонди миллии «Шоҳроҳи Абрешим — Шоҳроҳи Ваҳдат», Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо мамлакатҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дар моҳи июни соли 2000 бахшида ба Рӯзи Ваҳдат ва Соли Фарҳанги сулҳ гузаронидани Корвони дуюми Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат ташаббуси нав нишон доданд. 20 –уми апрели соли 2000 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иқдоми мазкурро дастгирӣ намуд.

Ҳамкории дуҷонибаи байни ҳукуматҳои маҳаллӣ ва Кумитаи тадорукоти Корвони II Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат имконияти васеъ фароҳам овард, ки барномаи мушаххаси Корвон мураттаб гардад.

Ҳаракати Корвон аз самтҳои зерин сурат мегирифт:

- Самти Шарқӣ (роҳбар А.Маҳмадазимов): Ағбаи Кулма-Мурғоб-Хоруғ-Рӯшон-Ванҷ-Дарвоз-Шӯробод-Кӯлоб-Данғара-Кофарниҳон;

- Самти Шимолӣ (роҳбар В.Набиев): Исфара-Конибодом-Бобоҷон Ғафуров-Хуҷандаббор Расулов-Новончӣ-+ротеппа-Шаҳристон-Айнӣ-Варзоб;

- Самти Ҷанубӣ (роҳбар М.Ализода): Панҷ-Қурғонтеппаозималик-Ленин;

- Самти Ғарбӣ (роҳбар Н.Ясинов): Турсунзода-Шаҳринависор.

27-уми  июн – Рӯзи Ваҳдат Корвони II Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат вориди пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе мегардид. Аз чаҳор самт ба Душанбе воридшавии Корвон маънии амиқи рамзӣ дошт ва ба маврид аст, ки ба гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ намоем: «Агар фарзанд бо номи падар ва гузаштагони бузургаш фахр кунад, воқеан ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ҳуқуқи комили маънавӣ дорад, ки бо номи Ватан ва пойтахти он – шаҳри Душанбе ифтихор намояд. Зеро Душанбе гаҳвораи эҳёи дубораи миллати тоҷик, хонаи умеди ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ аст. Ин гаҳвораи зиёбахш ба истиқболи фарзандони вафодор ва сарсупурдаи миллат ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ҷумҳурӣ оғӯш кушода, онҳоро бо кулбаҳои фақирона ва кӯчаҳои хокфаршаш пешвоз мегирифт. Ба ин шаҳраки хурду назарногир, ки ҳатто номаш дар харитаи дунё сабт нашуда буд, аз чаҳор самти пойтахт арбобони илму санъат, шоирону нависандагон, ходимони давлатию сиёсӣ, шаҳрсозону меъморон, хуллас фарзандони бедордили модари тоҷик ва дигар миллатҳо гирд меомаданд».

23-юми  июни соли 2000 Корвони самти Шарқӣ аз худи ағбаи Кулма ба роҳ баромад. Корвони дуюм- Шимолӣ, рӯзи дуюм аз шаҳри Исфара роҳ сар карда, сӯйи пойтахти мамлакат шитофт. Сипас, ҳам Корвони Ҷанубӣ ва ҳам Ғарбӣ ба роҳ даромаданд ва бегоҳии 26-уми июн ҳамаи чор Корвон дар ноҳияҳои ба пойтахт наздик қарор гирифтанд. Субҳи 27-уми июн ҳар чор Корвон ба назди чор дарвозаи рамзии шаҳр расиданд ва дар чорабиниҳои идонаи умумишаҳрӣ фаъолона иштирок намуданд.

28 –уми июни соли 2000 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Оқил Оқилов иштирокчиёни Корвонро қабул кард ва дар суханрониаш ба нақши Корвон дар тарғиби комёбиҳои сулҳхоҳонаи Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон, ки ба мустаҳкам намудани сулҳу ризоият, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ягонагии ҳамаи сокини Тоҷикистон равона шудааст, баҳои баланд дод.

Аҳли Корвони Сулҳу Ваҳдат ҳангоми гузаштан аз минтақаҳои гуногуни кишвар сангҳои қимматбаҳоро ҷамъ намуда аз онҳо Нишони (герби) Тоҷикистонро кошинкорӣ намуд. Сарварони Корвон Нишони Тоҷикистонро ба Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов супорида хоҳиш намуданд, ки ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим намояд.

Боиси зикр аст, ки таҷрибаи сулҳофарини тоҷикон таваҷҷӯҳи оламиёнро ба худ ҷалб намуда буд. Иштирокчии Корвони II Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат сиёсатшинос, узви Маркази Хуросоншиносии Ҷумҳурии Исломии Эрон Мӯҳсин Шоначӣ ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Исфара чунин иброз дошт: «Хоҳарон ва бародарони азизам! Дуруд мегӯям ва салом мекунам. Замоне ки ман дар Эрон аз радио ва телевизион ахбори ҷангҳои дохилии Тоҷикистонро мешунидам, борҳо гиристам, борҳо ашк рехтам ва аз худ бипурсидам: чаро дар ҷаҳоне, ки ба сӯи сулҳу ваҳдат меравад насиби мо кишварҳои форсизабон – Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон ҷанг аст ва бародаркушӣ?

Солҳо буд, ки дар Тоҷикистон ин ҷанги бародаркушӣ буд, дар Афғонистон ҳам буд, дар Эрони мо ҳам буд. Ҳашт сол мо бузургтарин ҷангро пас аз ҷанги ҷаҳонии дуюм пушти сар гузоштем. Ба ҳар ҳол ҷанг дар Эрон поён гирифт. Мушкилоти дохилӣ ба поён расид. Дар Тоҷикистони азиз ҳам  чунин шуд. Ва дар ин чанд рӯзе, ки дар Тоҷикистон будам, боз ашк мерехтам дар хилвати худам. Ин ашки шӯх, ашки шӯхи шодии ваҳдат, сулҳ ва бародарӣ дар Тоҷикистон. Ман умедворам, рӯзе дар Афғонистони азиз дар мисли Тоҷикистону Эрон Сулҳу Ваҳдат, бародарӣ мустаққар шавад. Ман умедворам, ин се миллати форсизабон даст ба дасти ҳам пешгоми ҳамаи мутамаддини ҷаҳон бошанд.

Ҳамчунон ки ҳазорон бор гӯям: Ман ба мардуми Тоҷикистон ифтихор мекунам. Тоҷикистон ифтихори форсизабонони ҷаҳон аст ва паёми сулҳу дӯстии шуморо ба Эрон мебарам. Умедворам, сулҳу ваҳдат, некӣ ва зебоӣ дар Тоҷикистон ҳулбӯе бошад барои ҷаҳон».

Иқдоми паёмрасонии Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат мавриди ҷонибдорӣ дар мамлакатҳои хориҷи дуру наздик гардид ва номаи сипоси мудири омили Маркази Хуросоншиносии Остони Қудси Разавӣ доктор Маҳдӣ Ҷалилӣ далели гуфтаҳоянд: «Ҷаноби оқои дуктур Ваҳҳобҷон Набиюф мушовири мӯҳтарами Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо салом, эҳтироман бад-ин васила аз заҳматҳо ва талошҳои арзандаи ҷаноби олӣ ва дигар дӯстони тоҷик дар тӯли сафари оқои дуктур Мӯҳсин Шоначӣ узви ин Марказ ба Тоҷикистон барои ширкат дар барномаи Корвони Сулҳу Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат сипосгузорӣ мешавад. Бешак, барномарезӣ ва тадоруки ҷашнвораи миллии мардумӣ бо унвони Корвони Сулҳу Ваҳдат иқдоми муассир ва арзанда буд, ки бояд онро ба Шумо ва давлат ва миллати Тоҷикистон табрик гуфт. Умед аст, ки ҳамкориҳо ва талошҳои муштараки ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанги Тоҷикистон ва Эрон дар густариши пайвандҳои дӯстӣ ва кӯмак ба сулҳи ҷаҳонӣ ва гуфтугӯи тамаддунҳо беш аз пеш афзоиш ёбад».

Санаи 14-25-уми июни соли 2002 маъракаи сиёсии «Корвони III Ваҳдат дар Шоҳроҳи Ваҳдат» бахшида ба 10-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5-умин солгарди Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ гузаронида шуд.

Боиси сарфарозист, ки чорабиниҳои асосии Корвон дар вилояти Суғд баргузор гардиданд. Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ «Нақши Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон» олимону сиёсатмадоронро гирд овард.

Фестивали III ҷумҳуриявии сурудҳои ватандӯстонаи «Мо оилаи ягонаем» дар Қасри Арбоб барпо гардид ва хеле хотирмон буд. Ҳайати доварон таҳти роҳбарии Ҳунарпешаи халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ба маҳорати ҳофизону мутрибон баҳои сазовор дода, ҳафт Ахтари фестивалро муайян карданд.

Қолини мунаққаш бо нишони «Шоҳроҳи Абрешим-Шоҳроҳи Ваҳдат», ки маҳсули қолинбофони моҳири қайроққумӣ буд осорхонаи Корвонро зеб бахшид.

Солҳои минбаъда ин иқдоми нек идома ёфт. Корвони IV Сулҳу Ваҳдат моҳи июни соли 2006 намояндагони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистони соҳибистиқлолро баҳри тарғибу ташвиқи роҳи бунёдкорию созандагӣ, ваҳдати миллӣ гирд овард. Чорабинии ниҳоии Корвон дар шаҳри Ваҳдат ҷамъбаст гардид.

Дар навбати худ Кумитаи кор бо љавонони назди Њукумати Љумњурии Тољикистон иќдоми дар соли 1999 оѓоз намудаашро идома дод. Бо ибтикори Кумита аз 30-юми  август то 1-уми сентябри соли 2000 дар шањри Хоруѓи Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон Фестивали дуюми дўстии љавонони Тољикистон тањти шоири «Бањри сулњ ва дўстии љавонони Тољикистон» гузаронида шуд. Фестивали мазкур ба соли байналмилалии Фарњанги Сулњ, нўњумин солгарди Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон, 75-солагии Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон бахшида шуда буд.

Баргузор шудани Фестивали дуюми љавонони Тољикистон дар сањифаи навини Тољикистони соњибистиќлол бо њарфњои зарин сабт хоњад шуд.

Чорабинињои Фестивал дар варзишгоњи марказии шањри Хоруѓ, боѓи ботаникї, афрўхтани гулхани дўстї ва пазироии мардуми Роштќалъа, саёњат ба ноњияи Ишкошим ва аз мавзеи муќаддаси «Гармчашма» дидан кардан, зиёрати «Чашмаи Носир» ва гузаронидани семинарњо дар бинои Њукумати Хоруѓшањр ба амал омад.

Махсусан, гузаронидани семинар дар мавзўи «Сулњ дар Тољикистон» хотирмон буд. Маърўзањои муовини раиси Кумитаи кор бо љавонони назди Њукумати Љумњурии Тољикистон С. Ашўров, сардори Идораи робита бо ташкилотњои љамъиятии Кумитаи мазкур Љ. Юнусов, раиси Ассотсиатсияи сарварони љавонон Ф. Баротов дар мавзўъњои «Наќши љавонон дар инкишофи раванди сулњ дар Тољикистон», «Сулњ дар Тољикистон:њолат ва пешомадњои он», «Ассотсиатсияи сарварони љавон ва наќши наврасон дар љараёни тањкими сулњ» хеле диќќатљалбкунанда буданд.

Иќдомњои неки љавонон бо њусни ќубњи тоза идома меёфт. 4 –уми апрели соли 2001 дар шањри Кўлоб бахшида ба 10-солагии Истиќлолияти Љумњурии Тољикистон Фестивалї дўстии љавонон тањти унвони «Торњои дўстї»-и Кўлоб ва Бадахшон барпо гардида буд.

Бо ибтикори Идораи кор бо љавонони назди Њукумати вилояти Суѓд низ дар моњи июни соли 2001 муддати якчанд рўз фестивали љавонони вилоят дар ноњияњои Панљакент, Айнї ва Кўњистони Мастчоњ доир гардид. Ба њайати иштирокчиёни фестивал љавонони лаёќатманди вилоят аз њисоби Шўроњои олимон, шоирон, эљодкорон, њифизон, ҷурналистони љавон ва ѓайрањо шомил буданд.

Корвони љавонон зимни сафари худ аз рўи нақша љойњои таърихї, ёдгорињои мадании минтаќа, Оромгоњи Муњаммад Башоро ва хона-музейи устод Лоиќро дар ноњияи Панљакент, оромгоњи шоири муќтадири ќарни Х1Х Наќибхон Туѓрали Ањрорї дар ноњияи Айнї зиёрат намуда, бо љавонон ва ањолии води Зарафшон суњбату мулоќотҳо орост.

Љавонони вилоят аз шањру навоњии мухталиф бо  дарки самараи неки вањдати миллї ва ягонагии Тољикистон дар њама љо корвониёнро чун рафиќони дерина ва бародарони њамтан оѓўш гирифта, бо њамдигар раќсу бозї ва сурудхонї мекарданд. Махсусан, муњаббати сокинони ноњияи Кўњистони Мастчоњ хеле самимї буд. Зеро баъзеи онњо мутањайирона ба таъкид мегуфтанд, ки чунин дидорбинию ташриф ва таваљљўњи роњбарияти вилоятро ба ноњияи Кўњистони Мастчоњ њатто дар замони Шўравї дар хотир надоранд.

Ҳамин тавр ҳаёт собит намуд, ки љавонони Тољикистони соњибистиќлол вориси сазовори сулҳофарини миллат мебошад.

         Ваҳҳоб Набиев, д. и. т., профессори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>