ИТТИҲОДИ ҶОВИДОНИИ МИЛЛАТ!

104952273_320735788918482_9059648376187011695_n

«Бо  дарназардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонии миллат айни муддаост, ки рўзи 27-уми июнро дар кишварамон Рўзи ваҳдати миллӣ эълон намоем ва ин санаи фархундаро ҳар сол ба таври умумихалқӣ ид кунем».             Эмомалӣ Раҳмон.

      Яке аз муҳимтарин омилҳои таҳкими ваҳдати миллӣ худро ба сифати як ҷузъи миллат амиқан дарк кардан, манфиатҳои олии давлатӣ ва миллиро аз манфиатҳои шахсӣ боло гузоштан, таъмини ягонагии миллиро вазифаи шахсии ҷонии худ ва тамоми ҷомеа дониста, дар роҳи ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ сайъу кӯшиши пайваста нишон додан аст. Ваҳдати миллӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагию бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум буданд.

Бо гузашти начандон вақти тўлонӣ дар кишвари мо фарҳанги сиёсӣ шакли нав ва низоми давлатдории ҷавобгў ба ормонҳои миллӣ ба вуҷуд омад, ки минбаъд барои рушди мунтазам ва устувори давлатдорӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд. Ҳамасола 27-июн дар саросари Тоҷикистон Рӯзи ваҳдати миллӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ин санаи муборак аз ҷумлаи он иду айёмест, ки зодаи даврони нави таърихи миллати мо — даврони истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ташаккули рукнҳои тозаи давлатдории миллӣ мебошанд.

Дар гузаргоҳи интиҳои асри XX ва оғози асри XXI миллати дар масири таърих борҳо ҷафодидаи тоҷик бо сабабҳои гуногун дар марзи фоҷиавии ҳаёту мамот қарор гирифт. Роҳи ягонаи наҷот аз ин вартаи ҳалокат роҳи муросою созиш, ба ҳам омадани қувваҳои мухолиф ва сулҳу суботи устувор буд. Шукрона, хирад ва таҳаммули азалӣ ғолиб омаданд ва мо маҳз ҳамин роҳро интихоб намудем. Дарки оқибатҳои фоҷеабори муқовимати дохилӣ, ки бисёр халқҳои ҷаҳон онро аз сар гузарондаанд, барои мо осон набуд. Миллати бузурги тоҷик, ки борҳо аз имтиҳони таърих бо сари боло гузаштааст, ин дафъа низ чун Сиёвуши афсонавӣ аз оташи ҷанг убур кард ва бар хилофи пиндошти бадхоҳонаш аз нав дар ҷодаи таърихи чандинҳазорсолааш эҳё гардид.

Баъд аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мо, тоҷикон, сулҳ маъниҳои навро касб намудааст. Ин пеш аз ҳама, аз ҷониби ҳизбҳо ва созмонҳои мухталифи сиёсӣ, ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дар маҷмӯъ аз ҷониби кулли шаҳрвандон дарк шудани як масъалаи ниҳоят ҷиддӣ аст, яъне ба хотири сулҳу субот ва ҳифзи тамомияти арзии мамлакат эътироф намудани волоияти манфиатҳои умумимиллӣ нисбат ба манфиатҳои маҳдуди ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва монанди инҳо мебошад. Дарки ин масъала моро тадриҷан ба зинаи нави камолоти сиёсӣ мебарорад, ки он эҳтироми ақоиди гуногуни тарафайн мебошад. Ин нишонаи ҷомеаи воқеан демократӣ, нишонаи фарҳанги сулҳ мебошад. Умедворем, ки мо минбаъд низ бо ҳамин роҳ устуворона пеш хоҳем рафт. Дар ҳар сурат таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон таваҷҷӯҳи аҳли башарро ба худ ҷалб кардааст ва бо назардошти шароити мушаххаси таърихӣ аз он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон баҳрабардорӣ мекунанд.

Дар Рӯзи ваҳдат ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сари як масъала амиқ андеша кунад: ваҳдат ва истиқлолият ду мафҳуми ҷудонопазиранд. Аниқтараш, сарчашмаи истиқлолият ваҳдат аст. Истиқлолият ба мо имконият дод, ки ғояи ваҳдатро парчами миллат кунем ва ба бунёди кохи ваҳдати воқеӣ ва ҷовидонаи миллат шурӯъ намоем. Ин чунин маънӣ дорад, ки мо Истиқлолият, сулҳ ва ваҳдати миллиро баробар қадр кунем. Онҳоро чун муқаддасоти олӣ ҳифз намоем. Ва ҳеч гоҳ фаромӯш накунем, ки пояи давлати мо бар ҳамин мафҳумҳо асос ёфтаанд.

Ваҳдату ягонагӣ ва пойдории сулҳу созиш эътимодноктарин роҳи наҷот аст. Ин маънои онро дорад, ки мо бояд аз ҳама гуна майлу хоҳишҳои хидмат кардан ба ҳадафҳои ғаразноку тафриқаангези миллӣ, ҳизбӣ, гурӯҳӣ ва шахсӣ даст кашида, манфиатҳои умумимиллии худро бо манфиатҳои умумибашарӣ мутобиқ созем. Таърих ибратомӯз аст ва Рӯзи ваҳдат ба мо ҳушдор медиҳад, ки аз хатоҳои гузашта хулоса барорем, имрӯз бо азми бунёдкорию созандагӣ пойдевори зиндагии фардоро гузорем ва ба қадри давлату давлатдории миллии худ бирасем ва ба наслҳои оянда кишвари обод, тараққикарда ва хуррамро ба мерос монем. Ин аст қарзи ҳар як насл дар назди наслҳои оянда.

Табиист, ки пешравӣ бе мушкилӣ намешавад. Мо рӯзҳои сахт ва мусибатҳои талхро аз сар гузарондем ва бо сабру таҳаммул ва шукру сипос то ба ин рӯз расидем. Умедворам, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва меҳнати осудаҳолона мову шуморо рӯзҳои боз ҳам неку пурфайз дар пеш аст. Ва халқ беҳуда намегӯяд, ки аз паси сулҳ тинҷию осудагӣ, серию пурӣ ва ободию пешравӣ фаро мерасад.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ

Раҳимзода Рузибой Маҳмадёр

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>