Ба ифтихори рӯзи Ваҳдати миллӣ

изображение_viber_2020-06-23_14-20-21

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам дар суханрониҳои худ таъкид месозанд, ки «Терроризм ва экстремизм — ватан, забон, миллат, нажод ва дин надорад. Яке аз масъалаҳои доғдори рӯз «Терроризм ва экстремизм» дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман афрохта, хатари бузурги иҷтимоиро ба миён овардааст ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақа воқеан таҳдиди ҷиддӣ эҷод менамояд.

Сарфи назар, аз тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва мақомотҳои босалоҳият дар доираи мубориза бар зидди терроризму экстремизм, солҳои охир андешидашуда, таҳдиди амалҳои нави террористӣ аз байн нарафтааст.

Инчунин, муборизаи геополитикии кишварҳои абарқудрат моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, манфиатҳои милливу давлатиамонро ҳифз намоем.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки ҷанги бародаркуши солҳои 1992-1997 маҳз бо ташаббус ва роҳандозии аъзоёни ҳаракати ба ном исломии Тоҷикистон бо роҳбарии Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Акбар Тӯраҷонзода ба вуқуъ пайвастааст.

Омилҳои асосии пайвастшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ- экстремистӣ дар сатҳи паст қарор доштани маърифату маълумоти динӣ, фарҳангӣ, дунявӣ ва сиёсӣ, суст ба роҳ мондани тарбияи онҳо аз ҷониби волидон, таҳсилоти ғайрирасмии онҳо дар муассисаҳои динии давлатҳои исломӣ мебошад.

Имрӯзҳо шабакаҳои интернетӣ, муттаасифона аз ҷониби Муҳиддин Кабирӣ ва гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ бо таври густурда истифода шуда истодааст. Онҳо исломро ба василаи мубориза барои ба қудрат расидан табдил додаанд ва даъвои ҳукумати исломӣ доранд, бехабаранд, ки дар ин роҳ имон, эътиқод ва виҷдонашонро ба ғаразҳои нопок омехта ва манбаи тарбияи инсони комилро аз даст додаанд. Ҳол онки даҳҳо ояту ҳадисҳое дар дини мубини ислом ва Қуръони карим ҳастанд, ки ҳаққоният ва бартарии адлро аз ибодат таъкид дошта, одил буданро сифати аслии мусулмонӣ хондаанд.

Ба ин хотир, муттаҳидшавӣ дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиши ҳарчи бештари ҷомеа баҳри таъмини амнияти миллӣ ниҳоят муҳим аст.

Танҳо боварӣ ба роҳбари давлат ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро ба мақсадҳои нек мерасонад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>