Дастоварди кишварсоз

изображение_viber_2020-06-23_14-20-21

Дар таърихи  навини давлатдории тоҷикон аввалин ва маҳбубтарин дастовард барои миллати тоҷик ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ мебошад ва ин муқаддасот дар сатри аввали арзишҳои умумимиллӣ ҷойгоҳи аълоро  касб намудааст.

Марҳилаи баъди ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ каме душвортар барои миллати тоҷик арзи ҳастӣ кард,  зеро дар ин миён ҷанги шаҳрвандӣ таҳмил шуд. Дар он рўзҳо эҳтимоли аз байн рафтани давлат, пароканда гардидани миллат ва нобуд шудани кишвар ба назар мерасид.

Хушбахтона, ба ин ҳама бедодгариҳо Ваҳдати миллӣ анҷом бахшид.

23 сол муқаддам дар саҳифаи таърихи миллати тоҷик ин падидаи софу беолоиш,  натиҷаи заҳматҳои ватандӯстона ва дурандешона, яъне Рӯзи ваҳдати миллӣ ба миён омад ва ростӣ сокинони кишвар бо умед ба ояндаи нек маҷрои зиндагии хешро тағйир доданду комёбиву хушбахтиҳои навин рӯйи кор омаданд. Созишномаи сулҳи тоҷикон ба имзо расид ва Тоҷикистонро бисёр кишварҳои дигари олам шинохту таҷрибаи сулҳи тоҷиконро намунаи давлатдорӣ ҳисобид.

Ваҳдат дар қалби меҳрпарвари мардуми мо гулхани фурӯзони робитаи имрӯзро бо ояндаи дурахшон ва ҳаёти шоиставу арзандаи мо тоҷикон фурӯзон кард. Ин садои қалбу иқдоми пок ва дилу нияти бедори Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо акси шӯълавари худ шинохту эътирофи тамоми мардумони сулҳҷӯи дунёро муттаҳид сохт.

Дар ҳақиқат Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон нақши басо бузургро иҷро кард. Ба ҳамин хотир ваҳдати миллиро метавон дастоварди кишварсоз номид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт.»

Ростӣ тоҷикистониёнро ваҳдати миллӣ ба ҳам овард, сарҷамъу муттаҳид кард ва мардум бо умеди ояндаи дурахшон, бо истифодаи иродаи қавии якдигар қадамҳои устувор гузоштаанд. Ин аст азми азими халқи бузургвори мо!

Мо фаъолони ҷомеа бояд бо роҳи мусоидат бо тарғибу ташвиқ ва такягузорӣ ба арзишҳои таърихию фарҳангӣ мазмуну мӯҳтавои ифтихор аз давлату миллат, расидан ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ, ватандустиву меҳанпарастиро тавре ба дили мардум ва хосатан ҷавонон ҷо намоем, ки он ҳиссиёт ангезандаи эҳсоси олиро, яъне муҳаббатро дар қалби онҳо ҷуш занонанд. Ба қадри соҳибватанӣ ва озодӣ, ва аз ҳама муҳимаш сулҳу суботи ҷомеа ва давлат бирасем. Имруз аз мо, давлати шарафмандамон танҳо як хоҳишу дастур дорад, ин ҳам бошад, адои мехнати софу покдилона бахри бунёди ҷомеаи боадолати дунявию демократӣ. Мо бояд дарк намоем, ки меҳнатро аслан агар аз ободии Ватан сар кунем, охир шаҳри худ, кӯчаи худ, манзили худ, оилаи худ ва ояндаи неки фарзандони худро обод хохем кард.

Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи идонаи ваҳдат,

   Шароби арғувон нӯшед аз паймонаи ваҳдат.

    Чунон оред меҳри дил ба якдигар ба солорӣ,

  Ки ҳар як хонаи тоҷик гардад хонаи ваҳдат.

         Бигзор ваҳдати сартосарӣ дар кишвари азизи мо ҳазорсолаҳо ҳукмфармо бошаду халқи тоҷик муттаҳиду сарҷамъ ва ҳамеша хушнудию хурсандӣ ба коми дили ҳамаи пиру барнои Тоҷикистони азиз бошад!

Бобоҷонзода Азимҷон Тоир - Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>