“Ваҳдати миллӣ ва Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон”

20200624_140137

Имрӯз таҳти ин унвон дар ташкилоти ибтидоии Маркази саломатии №1 (КАТС) – и ноҳия тибқи нақшаи тасдиқгардидаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен  бахшида ба 23 – солагии Иди Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинӣ мудири бахши занон Бобоқулова Заррина ва мутахассиси омори кумитаи иҷроия Шукурова Азизабону ширкат варзиданд. Заррина Бобоқулова ба сухан баромада ҳамаи ҷамомадагонро бо Иди Ваҳдати миллӣ табрик намуд. Халқи тоҷик ҳазорон бор шукургузор аз он аст, ки ба сари миллат марди накӯном, ҷасур, ватанхоҳ, дӯстдори обу хоки Ватан Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон соҳибӣ намуданд.

 Имрӯз ҳама дар фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату ҳамбастагӣ умр ба сар мебарем. Тоҷикистонамон ба мамлакати сулҳовар мубаддал шудааст. Ваҳдат ва оромии бадастомада муҳимтарин омили субот, рушду тараққӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон гардидааст. Мардуми кишвар бо шукургузорӣ аз неъмати Истиқлол ва Ваҳдати сартосарӣ ба меҳнати созанда машғул гардида, аз пайи ободу зебо намудании кишвари худ камари ҳимматро мустаҳкам бастаанд. Ҳама дарк намудаанд, ки танҳо бо Ваҳдату иттифоқ, ба саодату иқбол даст меёбанд. Дар ин замина саҳми кормандони соҳаи тиб дар мавҳи бемории сирояти короновирус калон аст, ки алҳол халалдори оромӣ ва осоиштагии аҳолӣ гашта буд. Ба онҳо арзи сипоси тамоми аъзоёни ҲХДТ мерасонем, ки дар мавҳи бемории короновирус заҳмати зиёде кашидаанд. Танҳо бо якдилӣ ва ҳамбастагии мардум мо ба раҳоӣ аз ин беморӣ расида метавонем. Сарфи назар аз он ки коронавирус дар кишварамон рӯ ба пастравӣ задааст, набояд масъулиятро аз даст диҳем. Барои дубора авҷ нагирифтани ин беморӣ ҳама бояд кушиш намоянд.

         Ҳамзамон раиси ташкилоти ибтидоӣ, вакили ноҳиявӣ Ихтиёр Расулзода баромад намуда, аз дастовардҳои давлати соҳибихтиёрамон ва нақши муҳими Ваҳдати миллӣ дар нашъу нумуи кишвар ва зисту шароити халқ гуфта гузашт. Шукргузории хеш ва аҳли кормандонро аз Пешвои миллат, ки ба ин сарзамин Ваҳдат овардааст, иброз намуд.

Ҳамчун вакил ҷиҳати татбиқи барномаи ҳизб сафи аъзоёни худро зиёд намуда, сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти ҷумҳур, Раиси муаззами ҲХДТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳадафи асосии худ мешуморад.

Дар ҷамъбаст Шукурова Азизабону тантанавор ба 18 нафар аъзоёни нави ҲХДТ билетҳои ҳизбӣ супорида, муборакбод намуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>