Пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ва қабули аъзоҳои нав ба сафи ҳизб

IMG_20200624_105154

Кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов корҳои фаҳмондадиҳиро оид ба пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикии пешгирии паҳншавии бемории сироятии «COVID – 19» дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз идома доданд.

Тарғиботчиён  таъкид намуданд, ки барои аз нав хурӯҷ нагардидани бемории сироятии коронавирус ба гигиенаи шахсӣ ва масофаи иҷтимоӣ риоя намоянд, бе зарурат аз хона набароянд, заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда аз ҳар як қитъаи замин барои руёнидани 2-3 ҳосил дар як сол ҷидду ҷаҳд намуда, аз ниқоби тиббӣ дар вақти аз хона баромадан хатман истифода баранд.

Дар рафти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Маорифчиён» ба аъзоёни нави ҳизб шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд ва аз аъзоёни ҲХДТ хоҳиш ба амал оварда шуд, ки оид ба пурзур намудани чораҳои зиддиэпидемикии пешгирии паҳншавии бемории сироятии «COVID – 19» дар байни мардум корҳои тарғиботиро вусъат бахшанд.

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>