Поянда бод, Ваҳдати миллӣ-шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва ғурури ватандорӣ

105634837_326078521717542_1583756824783768681_n

Барои расидан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад.

                                                                                  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳақиқат дар таърихи навини халқи тоҷик баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ваҳдати миллӣ нақши бузургу солорро дорад, зеро дар шинохти истиқлолият ва дигар арзишҳои милливу давлатӣ ваҳдати миллӣ саҳми бориз гузоштааст. Ва тариқи ҳаёту фаъолият низ собит сохтааст, ки равнақ ва рушди ҷомеа дар сурати сулҳу суббот ва ваҳдату сарҷамъиву итттиҳод ба қуллаи комилӣ мерасад.

Якчанд моҳ пеш яке аз ҳамватанони мо, ки бо масъалаи иштирок дар конфронс ба Афғонистон сафар карда буд дар саҳифаи хеш дар шабакаи иҷтимоӣ навиштааст, ки берун аз соати иштирок дар он чорабинӣ аз маъмурияти афғон хоҳиши зиёрати қабри Аҳмад Зоҳир менамояд ва сараввал ба ӯ иҷоза намедиҳанду аз хатарҳои рӯзмарра барояш дарак медиҳанд. Вақто бисёр пофишорӣ мекунад дар ду автомашинаҳои зиреҳпӯш ӯро ба оромгоҳ, ки Аҳмад Зоҳир дар он ба хок супурда шуда буд мебарандаш ва муддате пас бармегарданд. Баъди баргашт, ҳамватани мо ба намояндагии пулис, ки ҳамроҳиаш карда буданд аз рафту омад, ки на он қадар муҳлатро фаро мегирад шикоят карда, гуё чун воҳима аз онҳо мепиндорад. Баъдан маълум мегардад, ки рафти ҳаракати онон то баргашт аз оромгоҳ дар гирду атрофии ҳамин мавзеъ панҷ таркиш ба қайд гирифта шудааст. Яке аз кормандони пулис ба ҳамватани мо таъкид менамояд, ки шукронаи тинҷиву осоиштагии меҳан намоед ва ҳар гоҳ намоз мегузоред ҳатман барои саломатӣ ва умри дарози бобаракати Президенти кишвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дуо намоед, чун имрӯз кишвари шумо ором ҳасту тинҷиву осоиштагӣ ҳукмфармо. Мо мардуми афғон тайи 40 сол аст, ки дар ин муноқишаҳо гирифторем ва барои ба даст омадани осоиштагӣ талошҳо дорем, аммо ҳамраъйи то ҳол ба миён наомадааст-таъкид намудааст ҳамон корманди пулис!

Бояд таъкид намоем, ки ба хизматҳои фарзонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти иттиҳоду сулҳу суббот ва хотима ёфтани ҷанги таҳмилӣ дар кишварамон сиёсаттмадорони ҷаҳонӣ ва мардуми дигар кишварҳо баҳои баланд додаанд ва ин ҳақиқати ҳол ҳам ҳаст. Чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи интихоб гардиданашон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фикри оромиву осоиштагӣ дар ин Меҳани Бузург буданду ҳастанд ифтихорият ва шараф ба номи бузурги эшон дар таърихи навини халқи тоҷик сабт шудааст. Афлотуни Доно гуфтааст: «Ҳар кас, ки ба фикри хайру саъодати дигарон бошад калиди эҳтирому саъодати худашро ба даст хоҳад овард.»

Ин натиҷаи хизматҳои шоён буд, ки имрӯз шукрона дар кишварамон осоиштагӣ ҳукмфармост ва мардум аз файзи он дар фазои иттиҳод қадамҳои устуворона мезананд. Пас қарзи фарзандии мост, ки сулҳу субботу озодиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Б.Некхоҳ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>