Мусобиқа дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ

P1160575

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ мутобиқи нақшаи чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар ҳамкорӣ бо мактаби варзишии ноҳия мусобиқаи варзишии тениси рӯи мизӣ гузаронида шуд. Дар мусобиқа наврасону ҷавонон аз маркази ноҳия иштирок дошта, маҳорати худро дар ин намуди варзиш муаррифӣ намуданд. Директори мактаби варзишии ноҳия Бурҳонов Худойбердӣ ва Мураббии шоистаи Тоҷикистон Сафаров Азиз мусобиқаро назорат карда, ғолибонро муайян намуданд. Роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” Шаҳриёр Раҳимзода ва мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳия Зарина Зулфиқорзода ба ғолибони мусобиқа тӯҳфаҳои хотиравии  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафарободро  тақдим намуда ҳозиринро ба ҷашни фархундаи Ваҳдати миллӣ муборакбод намуданд.

Қайд гардид, ки маҳз бо шарофари Ваҳдати комил ба ҳаёти хурраму осоишта расидаву муаррифгари дасовардҳои шоиста гардидаем.

Дар мусобиқаи мазкур, ки бо риояи меъёрҳои муқарраргардида баргузор шуд Шарифова Муҳаррам, Амиров Абдуқодир ва Облоназаров Хушбахт созовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>