Вақти хотирҷамъию бепарвоӣ нест

105968577_298275951534471_7210145767384650225_o

Кормандони корхонаи муштараки “Зарафшон”, сокинони шаҳраки Суғдиён, деҳаҳои Ҷомчашма, Косатарошу Филмандари ҷамоати деҳоти Косатарош ин рӯз ҳамсӯҳбати гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент буданд.

Дар ин сӯҳбату мулоқотҳо муовини раис, мудири шӯъбаи кор бо занон Парвина Тошева ва корманди масъули Кумиҷроия Ҳаким Каримов ба ҳозирин дар бораи зарурати ҳаётии риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла гигиенаи шахсӣ, бастани ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, нигоҳдошти фосилаи ҷамъиятӣ нақл намуда, таъкид карданд, ки сарфи назар кардани онҳо эҳтимолӣ гирифторӣ ба бемории сироятии коронавирусро ба маротиб зиёд менамояд.

-Ҳанӯз барои хотирҷамъию бепарвоӣ нисбат ба ин бемории вогир фурсат фаро нарасидааст, -таъкид шуд дар сӯҳбату мулоқотҳо бо сокинон.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>