Дар як ҷоягӣ бар зидди ин беморӣ ғолиб мебароем

105938666_748902035864714_2439459643628967259_o

Санаи 25-уми июн дар асоси дастуру супоришҳои раиси ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирии бемории сироятии Короновирус, раиси шаҳри Исфара муҳтарам Сулаймонзода Акрам Раҳим гурӯҳи корӣ дар ҳайати кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Исфара ва МИҲД-и шаҳр дар ҳамкорӣ бо шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии рақами 1 дар шаҳри Исфара ҷиҳати пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии бемории сироятии Короновирус дар бозори марказии шаҳр бо сокинон сӯҳбату вохӯриҳо доир намуданд.

Гурӯҳи корӣ аз сокинони шаҳру деҳоти Исфара хоҳиш мекунад, ки ба гигиенаи шахсӣ, пӯшидани ниқоби тиббӣ, тез-тез шустани дастҳо бо собун ва доштани масофаи байниякдигар риоя намоянд, зеро вазифаи ҳар як шаҳрванд дар ин рӯзҳо пеш аз ҳама пешгирии бемории сироятии Короновирус ва баланд бардоштани маърифати беҳдоштӣ саломатӣ мебошад.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>