Деҳ куҷову дарахтон куҷо

Баҳманёр – нависандаи номвари тоҷик, дар силсилаҳикоёти “Сармаддеҳ” образеро ба риштаи тасвир кашидааст бо номи Холдори чилдурӯғ. Ба гуфти мардум аз тоифае аст, ки агар дурӯғ наёбад, ноилоҷ рост мегӯяд. Ба ҳамин монанд нафареро медонам, ки шикорро дӯст медошт ва баъди ҳар бозгашт  қиссаи наверо дар атрофу акноф паҳн мекард. Боре дар маъракае бо кафки даҳон аз дидани море, ки даҳ метр дарозӣ дошт, қисса кард. – Наход?- Андак кам кунед,-хоҳиш карданд ҳамсӯҳбатон. Ба ҳамин минвол дарозии ин аждаҳоро то ба як метр фаровард. Ба ин ҳам шубҳа карданд. – Валлоҳ, дигар кушед ҳам як ваҷаб кам намекунам, гуфт. Воқеият ба назари ӯ ҳамоне буд, ки хаёлан тасаввур мекард ва онро  сурати  ҳол мепиндошт.

Ин қисса вақте лофу газоф ва суханрониҳои раҳбари Паймони миллӣ ва раиси ҳизби мамнӯъи собиқ Наҳзати ислом Муҳиддин Кабириро дар бораи  вазъи Тоҷикистон мешунавам, ба хотирам меояд. Дар тасаввури ӯ  воқеияти Тоҷикистон ҳамонест, ки солҳо қабл медонист ва ӯ дар курсии парлумон менишасту ҳизбаш рӯи кор буд ва ҳанӯз  ба коргоҳҳои зиёд фармонравоӣ мекард, дар ҷаласаҳои ҳизбӣ пеши ҳамсафон донотарошӣ менамуд.

Аз  он солҳо то кунун аз ин ҷӯй оби зиёде гузашт,воқеият дигар шуд. Ба билфарзе имрӯз байни мардум, ки гӯё Кабирӣ ва ҷонибдоронаш худро “ғамхор” вонамуд мекунанд, пурсише доир намоянд, аксари кулли онҳо, ҳатто собиқ ҳамсафонаш,  дигар ӯро ҷонибдорӣ намекунанд.  Дигар чӣ роҳ мемонад? Тасаввур кардан, хаёли хомеро дар сар парваридан, ки ҷомеа  “ғояҳои” онҳоро мепазирад, ба айбҷӯиҳои онҳо дода мешавад.  “ Ба ҳован об кӯбидан” аст талошҳои  ӯ ва ҳаммаслаконаш.

Баъдан, маълум , ки дар ниҳояти кор  ҳадафи ҳар ҳизби сиёсӣ даст ёфтан ба ҳокимияти сиёсӣ аст.  Ҳизби мамнӯъи Наҳзат низ истисно нест . Онҳо ба чӣ такя мекунанд, ба чӣ умед мебанданд?  Ҳизбашон  бо ҳукми суд мамнӯъ ва террористию экстремистӣ эълон шуд, ҳазорон нафар аъзоёнаш аз он расман рӯй тофтанд, даҳҳо нафар  маҳкум шуданд. Худаш  солҳо боз дар хориҷи кишвар қарор дорад. Ё умедворанд ба масал қатра оқибат сангро сӯрох мекунад?  Шояд  ба ҳамин хотир тарғиботашонро аз тариқи сомонаҳои интернетӣ бештару фаҳштару ғаразноктар сохтаанд.

Онҳо “ фаромуш” кардаанд, ки заминаҳои иҷтимоии ҳизбашон  дар ҷомеа  рӯ ба нестӣ ниҳодааст ва ба он такя задан хаёли хоме беш нест. Мардум дигар ба афсонаи “давлати исломӣ”, истифода аз номи ислом ва  баъзе мушкилоти мавҷуда ба манфиатҳои шахсию сиёсӣ,  ба хотири сиёҳ кардани роҳбарияти олии кишвар дода намешаванд. Худ  аз расонаҳо бохабаранд ҳастанд, ки дар режимҳои исломӣ мардум чӣ ҳолу рӯзе доранд. Ғарази таъсиси ҳизби  мамнӯъи Наҳзат низ  аз оғоз   чӣ пардапӯшие накунанд, таъсиси ба ном давлати исломӣ буд ва он имрӯз низ рӯи кор аст.  Ба яқин нерӯҳое ҳастанд, ки интиқолу паҳн кардани чунин  режимро пуштибонии молӣ ва маънавӣ  менамоянд ва аз ин  Кабирӣ бархурдор ҳам ҳаст. Пуштибонҳо ҳамон шиори оғози инқилоби Октябрро, ки ғалабаи коммунизмро дар саросари ҷаҳон  талқин менамуд, дар сар доранд. Воқеан, режими исломӣ ва ҳамон коммунизми хаёлӣ ба фармудаи масали маълуми русӣ “ду рӯи  як танга” ҳастанд.

Ин ғаразро Кабирӣ ва сухангӯёнаш ошкоро намегӯянд. Истиҳола мекунанд, ки аз гуфтани он бадномтар мешаванд. Усули  дигарро пеш гирифтаанд: шарҳу тавзеҳи ғаразноки рӯйдодҳои ҷомеаи Тоҷикистон. Ба  масал, аз зиёни сел дар як деҳаи ноҳияи Хуросон хабар дода, ҳамзамон таъкид менамоянд, ки Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба офатзадаҳо беэътиноӣ менамояд. Ин дар ҳолест, ки ҳоло маҳз бо дастури Пешвои миллат, бо дастгирии  Ҳукумати мамлакат, мақомоти маҳаллӣ  барои зиёндидагон замин ҷудо шуда, он ҷо бунёди хонаҳо идома дорад.  Аз гуфтани ин воқеият низ худдорӣ менамоянд.

Худ шоҳид ҳастам, ки оқибати селҳои харобиовари солҳои 2003 ва 2005-ум дар шаҳри Панҷакент  маҳз бо дастури Сарвари давлат дар муддати кӯтоҳ бартараф гашта, тамоми шаҳру навоҳии мамлакат ба ёрии офатзадагон сафарбар шуданд. Дар ифтитоҳи шаҳраки нав барои сокинони осебдидаи ҷамоати деҳоти Шинг бошад худи Пешвои миллат ширкат намуда, калиди хонаҳо ва мактаби навро шахсан тақдим намуданд. Воқеан, ин шаҳрак бо пешниҳоди  Президент номи   Саразмро гирифт ва ҳоло як макони ободу зебо  дар паҳнои Саразми бостонӣ ва  наздикии сарҳад бо ҷумҳурии ҳамсоя аст.

Ва ё Президенти мамлакат анқариб барои иштирок дар  тантанаҳо бахшида ба 75- солагии Ғалаба ба пойтахти  Федератсияи Руссия сафар намуданд.  Барои  Пешвои миллате, ки дар таъмини ин Ғалаба саҳми сазовор гузошта, ҳазорон нафар фарзандонаш қурбон шудаанд, иштирок дар ин ёдбуд ва арҷгузорӣ  аслан мояи ифтихор аст. Не, ҳаммаслакони Кабирӣ  аз он маънии дигар меҷӯянд ва ин хаёлашонро ба сари хонандагони эҳтимолиашон дар сомонаҳои иҷтимоӣ бор кардан мехоҳанд.

Онҳо, ки дар ин замони пуршӯру шар аз зимоми давлатдорӣ огоҳ нестанд, аз шеваи муросою мадоро дар доираи манфиатҳои геополитикию минтақавии  абарқудратҳо бехабаранд, пеши даҳон чӣ фарозу чӣ нишеб, ҳарчӣ хаёле доранд, аз тариқи сомонаҳои иҷтимоӣ мепарокананд. Шояд, нафаре ба ин дом меафтад.  Вагарна, ба ҷои айбҷӯӣ ва хулосабарориҳою оқибатандешиҳои  “пайғамбарона” пешниҳоди ҷолибе, короие доред, ки ба манфиати рушди Ватан аст, некбинона  расман ба мақомоти марбута бо далелу бурҳони қотеъ пешниҳод намоед. Он ҷо  нафароне  ҳастанд, ки андешаи давлатмандӣ доранд ва ба яқин дар таҳияи қарору қонунҳо, барномаю лоиҳаҳо ба кор мебаранд.  Ба назар мерасад, ки онҳо бо истифода аз ин минбарҳо барои худ “пиар” ҳам  месозанд: бубинед, мо чӣ гуна меҳандӯст ҳастем ва дар сар чӣ андешаҳои бикр дорем!

Тоҷикистон чун давлати мустақил баъди ду сол ҳамагӣ сисола мешавад.  Дар ин муддати кӯтоҳ тавонистем ба ҷанги шаҳрвандии харобиовар ва пурфоҷиа хотима бахшем, бо ҷомеаи ҷаҳонӣ робита барқарор намоем, иқтисоди фалаҷшударо ба по рост  кунем,  эҳёи суннатҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва фарзандони фарзонаи миллатро дар меҳвари сиёсати фарҳангии давлат  қарор диҳем, зиёда аз ин ба лоиҳаҳое даст занем, ки шуравии абарқудрат аз пиёда сохтани онҳо бо сабабу омилҳои гуногун истиҳола менамуд.  Бо ҳама нуқсу камолаш роҳи бунёди давлати мутамаддини  дунявиро бебозгашт ихтиёр намудем. Гуфтан, ки  дар ин муддати кӯтоҳи таърихӣ ҳама мушкилоту монеаҳои  сари роҳамонро бардоштаем, камоли соддалавҳӣ мебуд.  Муҳим он аст, ки мо роҳи дурустро интихоб намудем ва  умедворем  он бо роҳнамоии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  моро ба қуллаи мурод  мебарад.

Ва ниҳоят, қиссаи воқеии  дигар.  Нафаре дар маъракаҳо пайваста худнамоӣ мекард ва аз фарти он ҳатто дар хона худи ҳозир палави серравған хӯрдам гӯён аз истеъмоли таом истиҳола менамуд ва мӯйлаби равғанзадаашро намоишкорона  тоб медод. Рӯзе ӯро ба маросиме даъват карданд. Дар ҷустуҷӯи пораи  думба, ки ҳар рӯз  бурутҳояшро равған мекард, афтод.  Пайдо накард. Онро гурба  хӯрда буд…

  Солеҳзода Турдибой рӯзноманигор,  роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

 Тел: 92-750-82-46, п/э: tsolehzoda @ mail. ru

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>