Терроризм ин — хатар ба инсоният ва ҷомеаи ҷаҳон аст.

images

Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо ё шахсони алоҳида бо истифодаи қувва, зӯровари ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу харос ва хатар дар ҷомеа мебошад.

           Ҳадаф аз ин кирдори бераҳмона  расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсй, ангехтани зиддият дар миёни қишварҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.

          Имрӯз ва дар оянда низ терроризм яке аз хавфноктарин таҳдидхо барои инсоният ва ҷомеаи умумибашарй боқи монда, бо истифода аз технологияи муосир тарзу усули нави истифодабарӣ касб мекунад. Дар як даҳсолаи охир садҳо ҳазор нафар мардуми осоишта қурбони амалҳои террористӣ гардида ҳазорҳо нафари дигар маъюбу корношоям шудаанд. Имрӯз  бераҳмию ваҳшонияти гурӯхи террористии ба номи ”Давлати исломӣ”, ки амали кирдори онҳо мардуми сайёраро ба таҳлука овардааст , наметавонад ҷомеаи ҷаҳонро бетараф гузорад. Ашхосе, ки ба чунин рафтори ҷоҳилона қодиранд миёни мардум ҳастанд ва чеҳраи манфури худро зери ниқоби нафарони хайрхоҳу  боимон пинҳон медоранд. Онҳо ба ҳама ҷо — мусофирбару қатора, киштиву ҳавопаймо, идораву корхона,  кӯчаву хиёбон роҳ ёфта ҳадафҳои худро пиёда месозанд, онҳоро шинохтан ва аз мақсадашон огоҳ гардидан хеле мушкил аст.

        Мо аъзоёни ҳизб бояд дар вохӯриҳо, алалхусус, ба ҷавонон оид ба хатари мудҳиш доштани ин падидаи номатлубро шинос гардонида, мавҳуми терроризм ва оқибати онро таҳлил намуда, дар мафкураи насли наврас ва ҷавонон тақвият бахшидани ҳисси ифтихори миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ, ватандӯстиву  ватанпарастӣ ба раванди бунёдкориву созандагӣ даъват ва сафарбар намудани мардум ҳиссаи арзанда гузорем.

Мутахассиси КИ ХХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Саматов Исмоил

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>