Ба «COVID-19″ якҷоя мубориза барем

Pexels_concept_of_covid_19_in_red_background_4031867.5e94756403008

Имрӯзҳо тамоми ҷаҳон дар як вазъияти мушкил қарор дорад. Зеро бемории сироятии коронавирус ошкор шуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ талафоти моддию маънавӣ ва ҷониро расонида истодааст. Ин ҳолати ногувор кишварамон Тоҷикистонро низ фаро гирифта, бештар вазъияти иқтисодию иҷтимоиро танг гардонд. Хушбахтона, дар ин вазъияти дилтанг мардуми Тоҷикистон рӯҳафтода нашуда, бо роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи чораҳои лозимаро андешида истодаанд. Масалан, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ ва табобати беморони ба ин вирус сироятшуда маблағҳо аз ҳисоби буҷаи давлат ва аз фонди Президент ҷудо гардиданд, беморхонаҳои нав сохта шуда, баъзе иншоотҳо ба беморхонаҳо табдил дода шуданд, мутахассисони ботаҷриба аз хориҷа даъват карда шуда беморхонаҳо бо таҷҳизотҳои нав муҷаҳҳазонида шуданд,  давлатҳои дӯсту ҳамсоя кумакҳои гуманитарӣ расониданд, ниқобҳои тиббӣ, воситаҳои антисептикӣ, маводҳои доруворӣ ва озуқаворӣ тақсим карда шуданд, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни мардум аз ҷониби кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳия, волонтёрон, фаъолзанон ва ҷавонон ба роҳ монда шуда, ситодҳои махсус оид ба пешгирии касалии сироятии «COVID-19″ фаъолият бурда истодаанд, ки то ба паси сар нанамудани мушкилӣ ин иқдомҳо идома хоҳад ёфт.

Ҳамаи ин заҳматҳои ҳукумату давлат барои таъмини солимии мардуми Тоҷикистон, барои ояндаи дурахшони миллату давлати тоҷик ва барои манфиати ҳар яки мову шумост. Мутаассифона, ба ин ғамхориҳо нигоҳ накарда, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, берун аз ҳудуди давлат ва дар дохил нафароне ёфт мешаванд, ки давлату ҳукуматро бо ҳар гуна суханони қабеҳ ҳақорату дашном менамоянд. Он нафарон ба ҷое, ки барои солимиву ободонии давлату миллат ҳиссагузор бошанд,  бо ин рафтори ноҷои худ обрӯи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ мерезонанд. Ҳол он, ки кори давлату давлатдорӣ осон набуда, душвориҳои зиёдро дорад. Бар замми ин, он нафароне, ки давлату ҳукуматро танқид менамоянд, роҳи босамарӣ ҳалли ягон масъаларо то ҳол пешниҳод карда натавонистаанд. Аз ин лиҳоз мо бояд хулосаи дурусти худро дошта бошем ва ба ҳар гуна иғвоҳои шахсони беномусу беор, ки мақсадашон фақат ғараз аст бовар накунем.

Ҳамаи мо бояд барои ин рӯзҳои тинҷиву амонӣ, ваҳдати миллӣ ва ба доштани истиқлолияти давлатӣ шукр намуда, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамаҷониба дастгирӣ намоем, дар байни мардум дар маҳалҳо корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоем, аз заминҳои бекорхобидаю наздиҳавлигӣ самаранок истифода намуда, қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва масофаи иҷтимоиро риоя кунем, ақлу дониш, маҳорату истеъдоди ташкилотчигиву созандагии худро барои манфиати халқ сафарбар намуда, дар рушду инкишоф, ободу хуррамгардонии давлати азизамон — Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи худро гузорем.

Корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раҷаматов Аскарали

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>