ТАБРИКОТИ Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба муносибати Рўзи Ваҳдати миллӣ

_4_

Ҳамдиёрони азиз!

23-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллиро аз номи  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд самимона муборакбод мегўем.

Аз имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 23 сол пур шуд. Ин созишномаи сарнавиштсоз дар ҳаёти кишвар таҳаввулоти тоза ворид намуда, барои гул-гулшукуфоӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлол марҳилаи тозаеро оғоз кард.

Он солҳо расидан ба сулҳу ваҳдат орзуву ормони ҳар фарди ватандўст ва хештаншиноси миллат буд, зеро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо оқибатҳои фоҷеабори худ пояҳои истиқлолияти давлатиро заиф гардонида, пайваста зиндагии мардумро талх мекард.

Агарчӣ Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои пасошўравӣ истиқлолияти давлатии худро расман эълом кард, он аз солҳои аввал ба таҳдиду хатарҳо рўбарў гардид. Душманони миллат бо фитнаву дасисаҳо ҷанги шаҳрвандиро бар сари миллат таҳмил карда, эҳтимоли аз байн рафтани ин давлати ҷавон дар миён буд.

Дар ҳамон шароити вазнину ҳассос Иҷлосияи наҷотбахши 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, баргузидаи халқ, роҳбари тозаинтихоби ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин муждаи таъмини сулҳу субот дар Ватани азизамонро баён намуданд.

Ҳамагон ба хубӣ медонем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро ба хатар гузошта, борҳо ба сарзамини ҷангидаистодаи Афғонистон рафтанд, то бо музокироту гуфтушунидҳо сулҳу субот дар кишвар барқарор гардад.

Бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ва ҳамдиливу ҳамбастагии мардум ниҳоят 27 июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. “Бо имзои Созишномаи сулҳ мо ба ҷанги даҳшатбори дохилӣ хотима бахшидем. Собит карда тавонистем, ки миллати мутамаддин ҳастем ва ҳамчун кишваре, ки аз рўзҳои мудҳиш ва сахт гузаштааст, хоҳони сулҳем ва ҳамеша ҷонибдори онем, ки дар тамоми нуқтаҳои доғи ҷаҳон проблемаҳо танҳо бо роҳи музокироти сиёсӣ ҳаллу фасл карда шаванд”. Ин нуктаро Пешвои миллат баъди имзои созишномаи таърихӣ зикр карда, дастёбӣ ба сулҳу суботро аз олитарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ арзёбӣ намуда буданд.

Инак, 23 сол мешавад, ки халқи тоҷик ва дигар халқияту миллатҳои маскуни Тоҷикистон дар фазои сулҳу осоиштагӣ  умр ба сар мебаранд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон чун намунаи беҳтарини сулҳофарӣ аз тарафи ҷаҳониён эътироф гардидааст.

Маҳз баъди даст ёфтан ба сулҳу ваҳдати миллӣ марҳилаи рушду пешрафти кишвар оғоз ёфта, дар зарфи бештар аз ду даҳсола Тоҷикистон ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Яъне, кулли дастоварду комёбиҳои ин давра аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маншаъ мегиранд.

Воқеан, сулҳи тоҷикон таҷрибаи ибратомўзест ва барои тарбияи насли наврас дар рўҳияи ахлоқи ҳамида, шукргузорӣ аз ҳаёти тинҷу осоишта ва инчунин расидан ба қадри Ваҳдату якдигарфаҳмӣ аз арзишҳои воло бархурдор аст. Махсусан, дар вазъияти кунунӣ, ки ин масъала аҳамияти калон касб кардааст.

Бо истифода аз фурсати муносиб Рўзи Ваҳдати миллиро ба ҳамагон табрик гуфта, орзуманди онем, ки фазои рўзгори мо софу беғубор ва шодиву нишот ҳамарўза ҳамраҳу ҳамқадами ҳаёти мо бошад.

Рўзи Ваҳдати миллӣ муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>