Аксия таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – Ифтихори мо!” бахшида ба 23-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ

IMG_20200625_104948

Дар асоси нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бахшида ба 23-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ, аксия таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ – Ифтихори мо!”  бо иштироки  кормандон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб баргузор карда шуд.

Чорабиниро Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ашт

Каримзода  Хушнуд  Каримӣ дар назди  бинои Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмави”-и ба номи М.Воҳидов ҳусни оғоз бахшида, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” ва кулли мардуми ноҳияро ба рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд.  Ҳамзамон  қайд карда шуд, ки маҳз  Ваҳдати миллӣ халқи тоҷикро аз хатари парокандагӣ ва давлати тозаистиқлоли  тоҷиконро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшида, замина фароҳам овард, ки мо муттаҳид шавем Ватанамонро соҳибӣ ва обод кунем ва рушди бомароми Тоҷикистони азизамонро таъмин гардонем.

Ваҳдати миллии тоҷикон ба зудӣ ба даст наомадааст, маҳз бо талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат ва мардуми шарифи миллати тоҷик 27-уми июни соли 1997 Сулҳу Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пойдор гардид.

Сипас, кормандон ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” аз назди бинои Муассисаи давлатии вилоятии “Театри мусиқӣ-драмави”-и ба номи М.Воҳидов ба кучаҳои маркази ноҳия тақсим гардида, варақаҳои табрикотии кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Аштро ба сокинони ноҳия тақдим намудаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>