ФАРҲАНГИ ТОЗАГӢ ВА ЭҲТИРОМИ ЯКДИГАРРО РИОЯ КУНЕМ

Бо коҳиш ёфтани шиддати сироятёбии бемории коронавирус мушоҳида мешавад, ки теъдоди зиёди шаҳрвандон худро ба кӯчаву марказҳои савдо задаанд. Махсусан анбӯҳи зиёди сокинонро дар бозори марказии “Панҷшанбе” мушоҳида кардан мумкин аст. Сафи савдогарону харидорон дар нимаи дуюми рӯз вақти шомгоҳон ба маротиб меафзояд. Ба ин хотир тибқи супориши Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода имрӯзҳо даҳҳо гурӯҳҳои тарғиботию ташвиқотӣ, ки ба он кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ, маорифу тандурустӣ, Маркази  ташаккули тарзи ҳаёти солим, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд шомиланд, рӯзе ду маротиба дар нуктаҳои бозори марказӣ ба мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

Илова бар ин ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар ҶДММ “Ваҳдат”-и маҳаллаи 19 – ум ҷумъабозор доир карда мешавад, ки асосан деҳқонон маҳсулоти кишоварзии худро ба фурӯш мебароранд. Субҳи имрӯз бо тавсияи роҳбарияти шаҳрии ҲХДТ гурӯҳи тарғиботию ташвиқотии кумиҷроия дар ҳамҷоягӣ бо омӯзгорони Гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд ба бозор рафта, бо сокинон дар мавриди пӯшидани ниқоб, фосила нигоҳ дошта харидориву фурӯхтан, ҳангоми ба дохили бозор даромадану баромадан истифодаи маҳлули антисептикиро талқин намуданд.

Қайд карда шуд, ки танҳо масъулият ва салоҳият, риояи гигиенаи шахсӣ метавонанд моро аз хатари сироятёбӣ эмин дорад. Баён гардид, ки давлат ва ҳукумати кишвар баҳри он мекӯшанд, ки шаҳрвандон эмин аз ин беморӣ бошад, пас моро мебояд, ки худрову дигаронро аз ин беморӣ эхтиёт намоем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>