ҶАВОНОН БОЯД МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ ФАРЗАНДӢ ВА ДОНИШУ ҶАҲОНБИНИИ МУОСИР ДОШТА БОШАНД!

unnamed

Фарҷоми соли 2019 ҷаҳони муосирро дар баробари таҳдидҳои азими терроризму ифротгароӣ ҳамчунин хуруҷи бемории корнавирус COVID – 19 ба ташвиш овард. Ин бемории марговар ба сураъате дар миқёси ҷаҳон паҳн гардид, ки давлатҳои абарқудрат низ дар ҳоли ҳозир дар мубориза ба он  оҷизӣ мекашанд. Зеро доманаи паҳншавии ӯ беш аз 200 давлатҳои ҷаҳонро фаро гирифта, бар асари он вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва муҳимтар аз ҳама риштаи умри ҳазорон нафарро барканд. Айни замон пажӯҳишгарон, коршиносони соҳа роҳҳои пешгирӣ ва табобати онро ҷустуҷӯ доранд.  Аммо мубориза бо ин пандемия як тараф, ҷомеаи ҷаҳониро таҳлукаву ҳарос, овозаҳои беасос аз ҷониби дигар бештар ба ташвиш овардааст. Ин нуктаро  равоншинос Марям Давлатова дирӯз зимни мусоҳиба баён дошта, афзуд, ки  бар ҳаводиси ҷамъият назари  некбинона доштанд, аввалан инсонро руҳан ба зиндагӣ дилгарм мекунад, баъдан дар тинати ӯ эҳсоси боварию эътимодро қавитар месозад. Воқеан ҳам мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксаран дар мафкураи худ бештар ангезаи манфиро қабул мекунанд. Андак сармозада шудем, худро оризаи бемории коронавирус эҳсос мекунем.. Махсусан давоми як моҳи охир шабакаҳои иҷтимоӣ, хосса фейсбукро ба саҳифаи сӯгворӣ табдил додем. Ҳол он ки дар ҷомеаи беш аз 9 миллион нафараи кишвари мо марги 7- 8 нафар ин тақозои табиат аст. Ҳар он нафаре, ки бо дигар беморӣ низ таслим ба марг шуд, ҷомаи ковидӣ пӯшонидем. Мутаассифона, ҳар он кӯшише, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо пандемияи коронавирус карда шуду мешавад, нотавонбинон баръакс ба ҷомеа нишон доданд, ки ин комилан аз рӯи адолат нест. Шабакаҳои иғвоангез бо нафарони дурӯяву чоплуси худ мусибати мардумро аслиҳаи худ қарор доданд.

Маврид ба зикр аст, ки аксарияти давлатҳои дунё, ки имрӯз мубталои бемории сироятӣ гардидаанд,  дар дохили кишвар ва ё берун аз он мухолифони худро доранд,  лекин дар ин айёми душвору сангин ҳеҷ кадоми онҳо ба монанди  аъзоёни бадхоҳ ва бадбини созмони “Паймони миллӣ”  бо афкору ақидаи фитнаангези худ ба сари давлату миллат ва сарзамини аҷдодии худ теғи душманӣ кашида, тӯҳмату надомат намуда, дар расонаҳо хабару ҳангомаҳои бардуруғ наангехтанд, чӣ тавре, ки  сиёсатбозон ва мухолифини давлати Тоҷикистон кушиш намуда истодаанд, ки суботу оромии мардуми кишвари моро халалдор намоянд.

 Бемории коронавирус ва дар миқёси ҷаҳон босуръат паҳн шудани он барои инсоният, аз ҷумла миллати сарбаланди тоҷик санҷиши нахустини сарнавишт нест. Агар гузаштаи начандон дурро ба хотир орем, дар минтақаи Осиёи Миёна бемориҳои сироятӣ тез – тез хурӯҷ намуда, бар асари онҳо талафоти ҷониву молии зиёд ба қайд гирифта мешуд.

Агар давлатҳои абарқудрат наздики 3 моҳ зиёдтар ба ин беморӣ мубориза бурда бошанд, пас дар мо дар давоми як моҳ бештар пирӯзӣ ба ин беморӣ даст ёфт. Чаро аввалан, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои таъхирнопазир андешида, мавқеи устуворро касб намуданд. Сониян пизишкони мо аз худ маҳорат ва донишу малакаи касбӣ нишон доданд. Муҳимтар аз ҳама ҷомеаи аҳлу тифоқ, назари хайрхоҳонаи аҳли ҷомеа имкон дод, ки мо нуктаи авҷи ин бемориро паси сар намоем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун нерӯи қавӣ ва муқтадири ҷомеа аз рӯзҳои аввали зуҳурёбии ин беморӣ дар паҳлӯи давлат ва Ҳукумати кишвар истода, дар мубориза ба ин пандемия кӯшишҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Кумиҷроияи вилоятии ҳизб бо нашри беш аз 400 ҳазор нусха варақаи иттлоотӣ ва муроҷиатномаҳо, ки характери тавсиявӣ дошт, аз ҷомеаи кишвар даъват ба амал оварданд, ки беҳтарин василаи эмин мондан аз ин беморӣ худрову атрофиёнро эҳтиёт кардан аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш баён дошта буданд: “Ҷавонон қувваи бузург, нерӯи созанда ва ояндаи миллатанд”. Воқеан ҳам ҷавонон имрӯз насли хушбахтанд, ки дар сатҳи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барояшон имкониятҳои фарох баҳри вусъати донишандӯзӣ, тақвиятии маҳорат ва истеъдод муҳайё шудааст.

Масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳамеша дар маркази фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  қарор дошта, ин ташкилоти муқтадир ба ҷавонон ҳамчун ба нерӯи ояндаи давлати соҳибистиқлол эътимод дошта, ба хотири аз байн бурдани мушкилоти онҳо чораҳои мушаххас меандешад. Махсусан, барои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, дастрасӣ ба таҳсилот, ҷалби ҷавонон барои фаъолият дар сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла дар вазифаҳои масъули роҳбарӣ, инчунин дар мақомоти намояндагӣ ва бо ҳамин роҳ ташаккул додани қобилияти сарварӣ дар миёни онҳо чораҳои муассирро амалӣ мегардонад.

Шуъбаи кор бо ҷавонони кумиҷроия ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан»-и вилоят, ки 40 дар сади кулли аъзоёни ҳизбро дар миқёси вилоят ташкил медиҳанду чун нерӯи фардосоз ҳамеша дар сафи пеши корҳои ободониву созандагӣ қарор доранд ва бо баргузории чорабиниҳои гуногуни сиёсису фарҳангӣ пешгоми ҷамъиятанд,  дар марҳилаи душвор ва ҳассос, ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ бурдани тарзи ҳаёти солимро тарғиб намуда, дар ин замина кӯшиш ба харҷ дод, ки насли наврасу ҷавонро  дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва соҳибкасб ба камол расонад. Маҳз дар ҳамин рӯзҳо ҷомеа ба нерӯи фардосоззи ҷавон ниёзи бештар дошт. Бо дастури кумиҷроияи вилоятӣ ба ғайр аз ҷавонони ин ташкилот ҳамчунин 370 нафар волонтёронро барои таблиғу ташвиқ тариқи “Хона ба хона ”, кӯча ба кӯча, ҷойҳои серодам, мағозаву марказҳои хизматрасонӣ равона тавассути баргузори аксияҳои гуногун аҳли ҷомеаро ба риояи гигиенаи шахсӣ, муносибату муоширати фосилавӣ, тез — тез шустани дастон бо собун, пӯшидани ниқоби тиббӣ, худдорӣ кардан аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук, ба зарурият набаромиадан аз ҷойи зистро ба шаҳрвандон фаҳмониданд.

Моро мебояд, ки дар ин рӯзҳои мушкилфизо бо масъулияти баланди фарзандӣ, донишу ҷаҳонбинии муосир, одобу ахлоқи ҳамида, эҳтиром ба волидайну дӯстон, устодону омӯзгорон, калонсолону аҳли ҷомеа ва бо арҷгузорӣ ба арзишу муқаддасоти Ватан дар рушди давлатдории миллиамон фаъолона ширкат варзида, насли бонангу номус, далеру шуҷоъ ва соҳибватан будани худро исбот намоем.

Зеро мо ҷавонон вазифадорем, ки бар ивази подош ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои муаззами миллат, ки мақоми моро дар ҷомеа боло бардошта,  бароямон зиндагии шоиста, таҳсил ва корро муҳайё намудаанд, ҷоннисрона заҳмат кашем.

Итминони комил дорем, ки ҷавонони ватандӯсти мо дар роҳи таъмини суботу оромӣ ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз худ ташаббусҳои созанда нишон дода, ҷиҳати боз ҳам мустаҳкам гардидани мақому манзалати Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ саҳми сазовори худро мегузоранд.

Хирадмандон зиндагиро маҷмӯаи бешу кам номидаанд ва он аз ҳодисаву ҳолатҳои ғайричашмдошт ва ғайриинтизор пур аст. Имрӯз марҳалае фаро расидааст, ки мо таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳи шикастнопазир, аҳлигию тифоқӣ ва дар ҳамбастагӣ кор ва зиндаги намудани худро бо амали шоиста нишон диҳем.

Фирдавсхон Саидов

Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”

дар вилояти Суғд

 

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>