«Амалҳои коррупсиониро маҳкум мекунем”

Конибодом. Муқовимат ба коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва тадбиқи он, аз ташаббуси олии сиёсии роҳбарияти давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шахрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич ва ногусастанӣ дорад. Мафҳуми муқовимат ба коррупсия фаъолияти тамоми мақомоти ҳокимияти давлатиро ҷиҳати ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои ба миён омадани ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда, ошкор ва мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳою ҷиноятҳои коррупсионӣ, бартарафсозии оқибатҳои номатлуби кирдорҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмин намудани амнияти кишварро дарбар мегирад. Дар асоси фармоиши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз 25 октябри соли 2016 таҳти рақами 31 дар бораи гузаронидани аксияи вилоятии «Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост» ва тибқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар маҷлисгоҳи  Чамоати дехоти ба номи Р.Хамробоев бо фаъолони ХХДТ, раисони кумитаи махаллахо ва чавонон вохӯрӣ гузаронида шуд. Дар он  раиси Чамоати дехот Тураев М ва Чонишини раиси КИ ХХДТ дар шаҳри Конибодом Чураева Р ширкат варзида суханронӣ намуданд, онхо дар мавзӯи «Тавзеҳоти мухтасар дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» маърӯза карданд. Баъдан якчанд иштирокчиён дар бораи муқовимат бар зидди коррупсия маърӯза карданд. Дар охир миёни иштирокчиён саволу ҷавоб доир гардида, маслихатхои муфид гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>