Зиракии сиёсиро аз даст надиҳем

Ҳамасола, дар ҳар як баромадҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки бояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Зеро баъзе нафарон, ба монанди Кабирию наҳзатчиён ба тинҷиву осудагии Тоҷикистон ҳасад бурда, мехоҳанд онро ба як давлати ҷангзада, мисли Афғонистон, Сурияву Либия табдил диҳанд. Ин хоинони Ватан дастпарвардагони баъзе гурӯҳҳои иғвогари хориҷӣ буда, танҳо манфиатҳои шахсию гурӯҳии худро ҳифз менамоянд. Мақсади ин гуна хоинони давлату миллат эътибори мардумро ба худ ҷалб намуда, онҳоро дар роҳҳои ғараз истифода намудан аст.

Мо бояд аз ин хиёнаткорон огоҳ шуда, фирефтаи суханони дурӯғу молу мулки ҳароми онҳо нагардем, огоҳ бошем ва Ватани азизамон Тоҷикистонро нафурӯшем. Барои пеши роҳи ин фисқу фасодро гирифтан аз шабакаҳои иҷтимоию сомонаҳои интернетӣ самаранок истифода намоем (зеро роҳи асосии тарғибу ташвиқӣ онҳо ҳаминҷост), дастуру супоришҳои ҳукумат ва сарвари давлатро сари вақт иҷро намоем, зеро онҳо ҳамеша барои таъмини осудагию некӯаҳволии мардум заҳмат кашидаанд ва инро дар амал низ исбот карда истодаанд. Мисоли ин, мамлакат аз замони истиқлолият то кунун дар соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт, варзиш, тандурустӣ, сиёсат ва фарҳанг ба дастовардҳои намоён ноил гардид. Масалан, чанд сол муқаддам мардум аз норасоии барқ азият мекашиданд, ки ин муаммо бо сохташудани нерӯгоҳҳои барқӣ ҳаллу фасл гардид, роҳу пулҳои нав сохта ба истифода дода шуд, 75 ҳазор га замин ба мардум барои истифодаи якумра ҷудо карда дода шуд, ки дар натиҷа истифодаи самараноки замин беҳтар шуда, ҳосилнокӣ ва даромад аз ҳисоби замин баланд гардид, Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда шуд, ки дар натиҷа ба хешу таборчигӣ ва ришваситонӣ нуқта гузошта шуд. Хушбахтона инҳо ҳамаи он пешравиҳову ободкориҳо набуда, дар саросари кишвар корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ торафт авҷ гирифта истодааст. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо фахр аз он кунем, ки дар Тоҷикистони тинҷу осоишта ва сабзу хуррам зиндагӣ дорем, Ватан дорем! Мисли гуфтаҳои роҳбари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон Дӯст бошем! Иттифоқ бошем! Шукронаи ана ҳамин сарзамин кунем! Шукронаи ана ҳамин давлат кунем! Шукрона кунем, ки чунин Ватани азизу маҳбуб дорем!

Корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раҷаматов Аскарали

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>