Саразм-рамзу намоди тамаддун ва ифтихори миллӣ

Эмблема Саразм

18-уми марти соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат гуфтанд: «Бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадими Саразм пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5500-солагии Саразми бостонӣ ҳамчун маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад». Ин ибтикор  аз сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, ки дар меҳвари он арҷгузорӣ ба  ёдгориҳои беназир ва санаҳои мубораки   таърихӣ, фарзандони барӯманди миллат қарор дорад, маншаъ мегирад.

Воқеан, таваҷҷӯҳи Президенти муҳтарами мамлакат ба шаҳраки бостонии Саразм чун  маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли Тоҷикистон оғоз шуда, баъдан дар заминаи  ин ёдгории беназир Мамнӯъгоҳи таърихӣ- бостоншиносӣ таъсис ёфта,   панҷ мавзеи ҳафриёт  болопӯш ва атрофи он панҷарабандӣ гардид.  Маҳз бо талошҳои Сарвари давлат баъди даҳ соли такопӯҳо шаҳраки бостонии Саразм ниҳоят соли 2010 ба Феҳристи ёдгориҳои умумибашарии созмони ЮНЕСКО шомил гардид.

         Бо эълон гардидани ин ҷашни шукӯҳманду пурифтихор аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии  илмҳо барнома ва нақшаи чорабиниҳо таҳия гардиданд ва корҳои созандагӣ бо суръату вусъати зиёд оғоз ёфтанд. Моҳи январи соли 2019 бо иштироки раиси вилоят, пешбарандаи сиёсати ҲХДТ Раҷабой Аҳмадзода хишти аввали осорхонаи Саразм гузошта шуд.

Айни замон дар дохили бинои осорхона корҳо пурҷӯшу хурӯш ҷараён доранд. Сафолакпӯшии қисмати таҳхона ва ороиши оёшнаҳои якуму дувум оғоз гардиданд. Тарзи гузоштани нигораҳо пурра тарҳрезӣ гардида, маводҳои лозимӣ омода шуда истодаанд. Ҳамзамон, бунёди дарвозаи даромадгоҳи Саразм низ ба анҷом расида, кор дар қисмати ороишоти он идома дорад. Сохтмони роҳи даромади мамнӯъгоҳ бо пуштибонӣ ва маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба анҷом расид ва дар ду канори он зиёда аз 1000 ниҳоли ороишӣ шинонида шуд.

         Бунёди мағоғозаҳои армуғон дар роҳи даромад, ки зиннатафзои мамнӯъгоҳ мебошанд, бо тарҳи махсус идома дорад. Сохтмони деворнигораи атрофи мамнӯъгоҳ ва ороиши появу сутунҳои он бо нақшу нигори миллӣ низ наздик ба анҷомёбист.

         Мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостонишиносии Саразм дар масоҳати 47 гектар доман паҳн кардааст, ки аз ин 17 гектараш масоҳати зери ёдгорӣ ва боқимондаи он ҳудуди муҳофизатӣ мебошад.

         Мавриди зикр аст, ки баъди эълони ҷашни мазкур корҳои илмӣ дар самти пажӯҳиши ёдгориҳои Саразм густариши тоза ёфтанд ва чорабиниҳои мухталифи илмӣ дар саросари кишвар баргузор гардиданд. Дастовардҳои илмии ин самт ҳамасола дар шакли ҳисобот, мақолаҳои илмӣ ва китобҳо ба нашр мерасанд. То кунун ба шарофати ин ҷашни пурфайз 6 китоб интишор ёфт ва 4 китоби дигар дар дасти чоп аст. Китобҳои пурарзиши «Андар шинохти Саразм», «Роллан Безенвал – муҳаққиқи Саразм», «Производственная деятельность население Саразма»-и Абдурауф Раззоқов ва «Саразм – оғози тамаддуни халқи тоҷик»-и Абдуллоҷон Исҳоқов аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

         Моҳи декабри соли 2019 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои ҷумҳурӣ конференсияи илмӣ дар мавзӯи «Саразм – яке аз аввалин шаҳрҳои Авру-Осиё» бо иштироки олимону бостоншиносони Академияи илмҳо ва донишгоҳҳои олии кишвар баргузор гардид ва дар он бостоншиносони варзида то чӣ андоза аҳамияти бузурги таърихӣ доштани Саразм ва арзиши баландии илмии ёдгориҳои онро дар суханрониҳояшон таъкид намуданд. Аз ибтидои соли 2020  бостоншиносони Мамнӯъгоҳи таърихӣ- бостоншиносии Саразм – Панҷакент  дар 11 конференсияи ҷумҳуриявӣ ва 5 конференсияи байналмилалии вобаста ба Саразм ширкат варзиданд.

         Бояд гуфт, ки ҲХДТ низ чун ҳизби пешбари ҷомеа ва ташаббускору созанда бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни Саразми бостонӣ як силсила тадбирҳои муҳимеро роҳандозӣ намуд. Бо ташаббус ва дастгирии раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён дар шаҳри Панҷакент ҳамоиши илмӣ-оммавӣ дар мавзӯи «Саразм – оғози тамаддуни халқи тоҷик» баргузор гардид, ки иштирокдорони он таассуроти амиқ ва дар бораи ҷойгоҳи Саразм дар таъриху тамаддуни халқи тоҷик маълумоти васеъ гирифтанд.

Ҳоло бо дастгирии КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд китобе марбут ба таърихи Саразми бостонӣ дар арафаи нашр аст, ки ба қалами доктори илмҳои филологӣ С. Шербоев тааллуқ дорад. Ин ибтикори муҳим низ шоистаи таҳсин аст ва гувоҳӣ медиҳад, ки ҲХДТ дар самти муаррифӣ ва тарвиҷи арзишҳои таърихӣ ва маънавии миллати тоҷик пешсафтарин ҳизби кишвар маҳсуб мешавад.

Ҷои таъкид аст, ки КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент имрӯзҳо дар ҳама сатҳои ҳаёти ҷомеа корҳои муҳиму шоиста анҷом медиҳад. Саҳми ин кумиҷроия дар баргузор намудани ҳамоишҳои илмиӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ, ободкориву созандагии шаҳру деҳоти Панҷакент, ташкили мулоқоту вохӯриҳои судманд, ба роҳ мондани озмуну мусобиқаҳои варзишӣ байни ҷавонону наврасон хеле назаррас мебошад. Натиҷаи ҳамин фаъолияти пурсамар аст, ки раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Муродқул Шукурзода ба узвияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор дониста шуд.

Кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо баргузор намудани чорабиниҳои илмӣ пайваста аҳамияти зиёди таърихӣ ва мақоми воло доштани Саразмро дар масири таърих ба ҷомеа таъкид менамояд ва ба ин васила хештаншиносиву ватандӯстиро талқин мекунад.

         Ҳоло шаҳри бостонии Саразм бо кӯшишу дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр намои зебову диданӣ гирифтааст. Ҳангоми наздик шудан ба дарвозаи бошукӯҳи дили кас аз ҳисси ифтихор лабрез мегардад ва худро дар асрҳои пешин, дар миёни саразмиёни қадими шаҳрсозу тамаддунофарин тасаввур мекунад. Умедворем, ки ҷашни 5500 –солагии ин шаҳри бостонӣ, ки ҳоло ба рамзу намоди тамаддун ва ифтихори миллии тоҷикон табдил ёфтааст, дар сатҳи шоиста барпо хоҳад шуд.

         Ин фармудаи Пешвои хирадманди миллат вобаста ба арҷгузорӣ ба ёдгориҳои таърихӣ хулосакунандаи ҳама гуфтаҳои мост:   «Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин мероси гаронбаҳоро ҳифз карда, барои эҳё ва барқарор сохтани онҳо кӯшиш намоем ва онҳоро ҳамчун сабақи таърих ба наслҳои оянда мерос гузорем».

                                                                                          Норинисо Худоёрова,

 сарвар ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии  Мамнӯъгоҳи таърихӣ- бостоншиносии  Саразм Панҷакент, номзади илми педагогика

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>