ПАРТАВИ НЕКОН НАГИРАД ҲАР КИ БУНЁДАШ БАД АСТ…

Шуруъ ба мисраи Ҳофизи Шерозӣ ин ибрози андешаест, ки дар хотиротам чарх мезанад, ки ҳақ ба ҷониби ӯст. Оре бадасл ҳаргиз ислоҳ намешавад. Аз зумраи ин гуна бадбунёдон сарвари ТЭТ ҲНИ Муҳиддини Кабирӣ ва ҳаммаслаконашон мебошад. Ба он ҳама ҷангу ҷидол ки бар сари миллат дар оғози истиқлолият оварданд, анҷомаш диёрҳои вайрону беваву ятимон, куштори фарзонагону олимон, маҳз дасти дарози ТЭТ ҲНИ буд, ки аз ёдҳо нарафтанист. Имрӯзҳо бошад дар зери доираи хоҷагони хориҷиашон ба рақс даромадаву санги дасисаву дуруғ бар сари миллат мезананд. Бехабар аз он ки ин мардуми шарифи Ватан фирефтаи дурӯғҳои бармалои онҳо намешаванд. Бояд бигӯям, ки «орзуҳои» хоми ту туро оқибат залилу хору нотавон мекунад, чун ту бар халқу ватан душман ҳастӣ ва ба гуфтаи шоир “Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад….”

Ба тамоми ҳамватанон гуфтаниям ба дасисаву иғвои ин гурӯҳ фирефта нашавед, инҳо ҳамон нафароне ҳастанд, ки ҳозиранд бо чанд пайса имону виҷдонашонро фурӯшанд, чун ба Ватану миллат хиёнат карданд ва виҷдону имонро фурӯхтанд, ба ҳама ҷиноят қодиранд, бояд мо ҳамеша ҳушёр бошем.

Ҳофизи Шерозӣ чӣ зебо васфи чунинҳоро кардааст:

Партави некон нагирад ҳар ки бунёдаш бад аст,

Тарбият ноаҳлро чун гирдакон дар гунбад аст.

Сархатиби ноҳияи Айнӣ

Парвизҷон Ҳоҷизода

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>