АЗ ИФРОТИЁН ЭМИН БОШЕД

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардаанд, ки : “Оқибатҳои даҳшатбори экстремизм ва терроризм боиси харобии чандин кишварҳо ва ҳалокати садҳо ҳазор одамон шуда, миллионҳо нафари дигарро бе ватан, бе манзили зист ва бе ҷою макон кардаанд”.  Мубориза ба муқобили ин хатар на танҳо вазифаи давлат ва ҳукумат аст, балки барои пешгирии ин зуҳурот тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд фаъол бошанд”.  Чунин эътимод ва вазифагузорӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, ба иттиҳодияҳои ҷамъиятиву динӣ ҳар як сокини кишварро водор месозад, ки ба тақдири фарзандони худ ва хоки муқаддаси Тоҷикистон бетараф набошанд. Ифротгароӣ дар заминаи дини мубини ислом пайдо мешавад. Он пеш аз ҳама барои паст кардани нуфузи ислом дар олам ва зина ба зина барои аз байн бурдани давлатҳо ва дини мубини ислом фаъолият мебарад.  Ифротӣ душмани дўстнамои дини мубини ислом, маккору қудратманд аст, ҳам зур дорад, ҳам зар, ҳам дониш. Тарғиботи дурўғинро дар сатҳи хеле аъло ба роҳ мондааст. Ҳарчанд он як навъ роҳ ба сўи ҷоҳилӣ ва даҳшат аст.  Бояд ҳар як шаҳрванд донад, ки «Экстремизм (ифротгароӣ) ин изҳори фаъолияти ифротии шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститусионӣ, ғасби ҳокимият, ангезонидани нажотпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад».  Зери мафҳуми «терроризм» содир намудани таркиш, сўхтор, тирпарронӣ, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол, халадор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ фаҳмида мешавад.  Дар дунё беш аз 30 созмонҳои ифротӣ амал мекунанд. Бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25-ташкилотҳо ҳамчун террористӣ ва экстремистӣ эътироф гардида, фаъолияти онҳо дар қаламрави Чумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст. Дар сафи пеши гурўҳҳои ифротгароӣ қабл аз ҳама иттиҳоди ҷиноии эктремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ, Паймони миллии Тоҷикистон, “Гурӯҳи-24”, «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҳаракати исломии Ўзбекистон», «Салафия», «Ансоруллоҳ», «Давлати Исломӣ», «Ҷабҳат-ан-Нусра», «Ҳаракати исломии Туркистон», «Ҷамоати Таблиғ» қарор дошта, намояндагони онҳо дар ҳудуди шаҳру деҳоти Исфара низ пайдо шуда, ба решаи ояндаи хеш табар задаанд. Алҳол дар маҳбас ё Сурияву Ироқ ё Аврупову Авғонистон гадою дар ба дар гаштаанд.  Албатта ба ҳар як сокини Исфара аламовар аст, ки парвардаи ин хоку табиати афсунгар аз нияти нопоки хоҷагонашон ноогоҳ ба даст яроқ гирифта ба сўи мусулмонони дигар оташ мекушоянд ё тақдири худро дидаву дониста ба доми марг ҳаво медиҳанд.

Кадом омилҳо пеш аз ҳама боиси ифротгароӣ мегардад?

Яке аз омилҳои гаравиши ҷавонон ба ифротгароӣ таҳсил дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар аст.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ як зумра ҷавонони шаҳри Исфара ба муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар ғайрирасмӣ аз ҷониби ҳизби экстремистӣ-террористии наҳзати исломӣ фиристода шуданд. Аксари онҳо ба ақидаву андеша ва равияю мазҳабҳои дигар ба Исфара баргаштанд. Ҳарчанд фарҳанги тамаддунсози дини мубини ислом мусулмононро ба накукорӣ, таҳаммулпазирӣ ва адлу инсоф ҳидоят мекунад, аммо як зумра ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсил карда ба даҳони хоҷагони хунталабу манфиатҷўи худ нигариста ба таблиғи ғояҳои бебунёди равияҳои тундрав машғул шуданд, ё ба задухурдҳои давлати ба ном исломӣ пайваст гардида, падару модар ва наздикони худро сархам намуданд.

Дигар аз манбаҳои ҷалби ҷавонон ба ҳаракатҳои иртиҷоӣ муҳоҷирати меҳнатӣ аст?

Аз Исфара соле беш аз 26000 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ бо андешаи солим ба Россия сафар мекунанд ва баъзе аз онҳо аз он ҷо бо ақидаҳои носолим бармегарданд.

Гурўҳҳои ҳизби мамнуъ ва террористӣ ҲНИТ ва фирориёни ҳаракати исломии Узбекистон, ки дар Руссия паноҳ бурдаанд, ҷавонони соддаи шаҳру деҳотро ба осони ба доми фиреби худ афканда, онҳоро ба созмонҳои ифротӣ ҷалб ва ба ҷангҳои Сурия сафарбар карданд.

Падару модарон аксаран оқибатҳои нохуши муҳоҷирати маҷбуриро дарк намекунанд. Ҷавонон алакай баъди синфи 9 ё хатми пурраи мактаб бе касбу ихтисос бо номуайянии машғулияти оянда ба Федератсияи Руссия гусел карда мешаванд.

Барои интихоби роҳи дурусти зиндагии ҷавонон азхуд кардани донишҳои муосир, касбу ҳунари замонавӣ бояд, ки ҳамарўза аҳли ҷомеа бахусус волидайн, муассисаҳои таълимӣ, созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ шабу рўз кор баранд.

Волидайн масъул ва вазифадоранд, ки ҳамаруза ба фарзанди муҳоҷири худ таъкид кунанд, ки маблағҳои афсонавие, ки ин ё он шахс ваъда медиҳад дурўғ аст ва он ба ҷон бохтан оварда мерасонад.

Носолимии муҳити оила, бе масъулиятии падару модар дар тарбияи фарзанд, бетарафии аҳли маҳал ба тақдири ҷавонон, дур мондани як зумра ҷавонон аз эҳтиром ба Ватан ва арзишҳои миллӣ низ омилҳои бавуҷудоии ифротгароӣ мегарданд.

Кадом омилҳо метавонанд сади роҳи гаравиши ҷавонон ба мафкура ва равияҳои ифротӣ гарданд?

Масъулияти ҳар як шаҳрванд ба муқобили экстремизм ва терроризм омили асосии пешгирии гаравиши ҷавонон ба мафкура ва равияҳои ифротӣ мебошад. Бетарафӣ дар самти пешгирии равияҳои ифротӣ, хиёнат ба ватан, миллат, дину диёнат, худову расул аст.

Рушди илм, маориф, технологияи муосир ҳунар ва санъати асил метавонад, пеши роҳи экстремизм ва терроризмро гирад.  Ифротгароӣ, як шакли ваҳшоният буда, ҳар як шаҳрванд бояд донад, ки мақсади онҳо на ҳимояи дини мубини ислом балки, бо роҳи зўрӣ ва ҷанг ҳудуди мамлакатҳои мусулмоннишинро ғазб карда, мардумашро ғулом ва сарваташро ба хоҷагони абарқудраташон дастрас гардонанд.

- ҷалби ҷавонону наврасон ба корҳои ҷамъиятӣ, ба созмонҳои ҷавонон, иттиҳодияҳои касбӣ, иттифоқҳои касаба, ҷамъиятҳои варзишӣ, кўҳнаврадӣ ва амсоли ин ба сатҳи пешгирӣ метавонад таъсир расонад. Раисони маҳаллаҳо, Ҷамоатҳо, роҳбарони ҷомеаҳои меҳнатӣ ба хусус роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар ин самт бояд фаъолтар бошанд.

Ба он бояд ноил шуд, ки уламо воқеияти ирўзаро пурра дарк намоянд, ҳимоя ва ҳифзи ҷавононро дар мадди аввали фаъолият қарор диҳанд. Барои ҳифзи амнияти кишвар ҳамеша дунявиятро пеш гузоранд. Арзишҳои миллӣ ва давлатӣ ҳамеша аз арзишҳои динӣ боло гузошта шаванд. Даҳшатҳое, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ буданд ба ҷавонон фаҳмонем. Ҷавонон ба омӯзиши илму ҳунар, касбу технологияи муосир ба роҳи маънавият ҳидоят карда шаванд.

Либоси миллӣ дар тан ҷавшан аст. Аз тақлид ба либоси бегона ғояҳои ғаразнок паҳн мегардад. Аз ин рӯ ҳамарӯза таъкид намоем, ки занону модарон ба либоси миллии худ, ба анъанаҳо ва суннатҳои гузаштагони худ содиқ монанд.

- Омили муҳиму коҳишдиҳандаи иштироки шаҳрвандон дар ҳаракатҳои ифротӣ ва муқовиматҳои мусаллаҳона дастгирии сиёсати хирадмандонаи Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таъмини иҷрои “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” аст.

Сокинони шаҳру деҳоти Исфара бахусус комиссияҳои ҷамъиятии доимоамалкунандаи муқовимат ба экстремизму терроризм ҳамчун дастгоҳи мукаммали таблиғотӣ метавонанд ва қодиранд садди роҳи экстремизм ва терроризм бошанд. Агар дар ҳама маҳаллу минтақаҳо комиссияҳои ҷамъиятии доимиамалкунандаи муқовимат бо экстремизм ва терроризм таъсис ёфта, фаъолияти он дуруст ба роҳ монда шавад, мо ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил мегардем.

Ба хотири амнияти мардуми Исфара кормандони ҳифзи ҳуқуқ шабу рўз дар фаъолияти меҳнатӣ карор доранд. Таъмини волоияти қонун рушди иқтисодиву иҷтимоӣ шаҳри Исфара, фароҳам овардани муҳити созгорӣ зиндагӣ беҳтарин аслиҳа бар зидди ифротгароён хоҳад буд.

Муҳаббат ба Ватан, ба Исфараи биҳиштосо, ба давлату давлатдорӣ, ба Пешво ва ояндасози миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад шаҳрвандонро аз ҳама гуна роҳи хато боз дорад.

Обидбой Аҳмадов

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>