Биё, то раиятпарвариро аз Раҳбари худ омӯзем

107603216_334462500879144_979228193114602237_n

Дар авроқи таърихи инсоният бар раият ҳамеша нафаре фаъол роҳбар буда, пешрафти он марз ва ҳаёту он мардум аз тадбиру ройи он роҳбар вобастагии бузург дошт, ё қаламраваш обод ва рӯзгори мардум осуда ё марзе пур аз ноиттифоқӣ ва раият дар гадоӣ. Ин сифатҳои роҳбарӣ ба тавре ёдгор мондаанд, ки то имрӯз мардум аз он дарси ибрат мегиранд. Саъдии Шерозӣ низ дар гуфтори хеш мефармояд, ки дар он мулқ, ки шоҳаш ахлоқи ҳамидаро доро ва дар баробари раияти хеш одил бошад бақову пойдорӣ дар кишвараш ва оромиш дар дили инсонҳо абадӣ мегардад.

Чун ин ҷо ҳарфе задем аз адлу доди сарварон, ростӣ бояд гуфт, ки ба бахти миллати мо низ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи пешгирифта ва алалхусус бо ҳикмати асили инсондӯстӣ давоми солҳои сарвариашон ба мулки тоҷикон ном баровардаанд ва шаҳодат аз он ин аст, ки имрӯз хурду бузурги кишвар Пешвои моро дӯст медоранд.
Яке аз пиндоштҳо, ки сармашқи фаъолияти Пешвои мо ҳаст, ин аз наздик ошно будан ба ҳаёти мардум маҳсуб меёбад. Дар сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии кишварамон ва суҳбати самимӣ бо халқи азиз шаҳодат аз гуфтаҳои болост. Ин гуфтаҳои пири маънавӣ Саъдии Шерозӣ дар рисолати Шоҳи мо нақши муҳим бастаанд: «Подшаҳро карам бояд, то бар ӯ гирд оянду раҳмат, то дар паноҳи давлаташ эмин нишинанд» Имрӯзҳо шукрона дар атрофи ин сиёсати инсонпарварона мардум сарҷамъанд ва бодо бод, ки ҳазорсолаҳо чунин бошад. Бузурге дар ин маврид фармудааст:
Додгарӣ шарти ҷаҳондорияст,
Давлати боқӣ зи камозорияст.
Мамлакат аз адл шавад пойдор,
Кори ту аз адли ту гирад барор.

Чун дар боло қайд кардем, ки мардум имрӯз хосса пиру ҷавон аз ин сиёсат хушҳоланд, бале ҳақиқати ҳол аст. Ин пешаи Пешвои азиз чун инсондӯстӣ ва раиятпарварӣ, дасти сахо болои мардумон доштан ва меҳанпарварӣ дарси фаъолияти ҳар як роҳбар, ки вазифа имрӯз ба дӯши ӯст бояд бошад.
Ҳар он дастуре ё супорише аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мешавад бояд сармашқи кори мо бошад, зеро дастурҳо ва фаҳмишҳои ин пири хирад аз таҷриба, тадбирҳои санҷидашуда ва хосса аз муҳаббат ба ин марз сарчашма гирифтаанд. Низомулмулк дар «Сиёсатнома»-и хеш менависад, ки тадбир бар ҳама кор аз касе, ки сафарҳои бисёр карда ва ҷаҳон бештар дида, сарду гарм чашида ва дар миёни корҳо буда бигир ва бар фоидаи ту бошад.
Ё Афлотуни доно менависад, ки пойдории давлат ва ҳастии он, ки сангинтарин аз вазоиф дар сиёсатҳо ҳаст аз қудрати Сарвар вобаста аст, то он даме Сарвари дар чунин сиёсат ҳаст давлаташ пойдор.
Ба ростӣ яке аз рисолатҳои хирадмандонаи Пешвои азизи миллат ин суҳбат бо мардум аст ва бештар вақт дар сафарҳои корӣ дар ҳама манотиқи кишвар Сарвари азизи миллат рӯ меоранд ба пирони кор, собиқадорон, модарону ятимон ва махсусан сухани раият гӯш мекунанд бевосита.
Ин инсондӯстии эшон аст, ки имрӯз ҳама Пешвои миллатро эҳтиром мекунанд ва асли ҳол он аст, ки ҳар куҷое дар ин марзи муқаддас обод мешавад ё кадом соҳибкор даст ба кори ободониву созандагӣ мениҳад иқдом аз амалҳо ва дарс аз ҳаёти оқилонаи Пешвои миллат аст.
Шодравон Нурмуҳаммад Ниёзӣ басе хуб қайд кардааст, ки :
Давлатеро ба миллат овардӣ,
Миллатеро ба давлат овардӣ.
Ватан акнун шикояте накунад,
Ту шукуҳу шаҳомат овардӣ.
Ту ҳамонӣ, дигар нашуд суханат.
Мамлакатро ба ваҳдат овардӣ!

М.Ниёззода

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>