Офтобо бори дигар хонаро пурнур кун Дустонро шод гардон, душманонро кур кун

Шукронаи пешвои муаззами миллат. Шукронаи истиклолият давлатии Точикистон. Шукронаи сулҳу субот ва оромиву амнияти кишвар.
Имрӯз Шому Ироқ, Лубнону Авғонистон ва якчанд кишварҳои дигари олам, ки пешвое надоранд, оғуштаи хоку хунанд. Дар он ҷойҳо ҳар рӯз таркиш, куштору сӯхтор.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол хушбахтона ҳамарӯза сулҳу субот, оромиву ободӣ ва шукуфоӣ танинандоз аст. Мардуми шарифи Тоҷикистон аз нури вахдату ягонагӣ ва муттахидиву сарҷамъи пояҳои давлати миллии тоҷиконро бунёд карда, дар ҳама ҷабҳаҳо дастовардҳои беназиру беинтиҳо насибашон аст. Бунёди шоҳроҳҳои азим, нақбҳои замонавӣ Тоҷикистони азизро ба як воҳиди том муттаҳиду сарҷамъ намуд. Бунёди садҳо корхонаҳои истеҳсоливу иншоотҳои иҷтимоӣ ба симои шаҳрҳову деҳаҳои кишвар ҳусну таровати тоза бахшиданд.
Ба истифода дода шудани чархаҳои аввалини нерӯгоҳи обии барқии Роғун на танҳо Тоҷикистон, балки ҳамсоякишварҳоро бо нури Раҳмонӣ мунаввар сохт. Он рӯз дур нест, ки нури Раҳмонӣ тамоми Шарқро алорағми душманони миллат мунаввар насозад.
Ин ҳама шукӯҳу шаҳомади давлати милли тоҷикон таҳти сарварии сармеъмораш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чашми кӯрдилони гурезаву беватан мисли хор неш мезанад. Кабирии лаину ҳаммаслакони худобехабараш аз ғазаб ва бухл дарун ба дарун дар оташи аланга ҳамарӯза месӯзанд. Чӣ илоҷ доранд, ба ҷузъ яьсу ноумедӣ, ангушти ҳайрат газидану мисли саги хора аккос задан? Охир онҳо беватану бекафан, на ин дунё доранду на он дунё. Шахсе, ки миллат, падару модар, хешу акрабо, ҳамҳизбон аз хамма муҳимаш мазҳабу дини аҷдодиро ба ғаразҳои сиёсиаш фурӯхт, сари бемағзи пучашро ба ҷузъ дари хоҷагони бегона ба кучо занад? Аз хиёнати Кабириву кабиризодаҳо на танҳо ҳаммаслакони собиқаш, ки дар маҳбасҳо, ғарибиву ятимӣ дар Авғонистону Шому Ироқ қарор доранд, ҳатто охундҳои Эрониву Туркиаш ҳам ба доду фиғон омадаанд. Хиёнаткоре, ки садҳо ҳамҳизбонашро ба як тин фурӯхта рӯ ба Туркияву Эрон ниҳода буд, на танҳо охундҳои шиамазҳаб, ҳатто дини аҷдодиашро ба гарав монда, дар манзили нав дар Аврупо рӯ ба демократияи бофтаю сохта оварда, паймони ватанфурӯшон бунёд карда, 24 соат нисбати Тоҷикистони ободу озод ва мардумони сарбаланди он доду фиғон мезанад.
Эй Кабирии хиёнатгар! Ба афкору андешахои хоинонаи ту, ки аз дуриҳои дур дар сомонаҳои ифротиат садо медиҳанд, дар Точикистон касе на танҳо гӯш намедиҳад, ҳатто писанд хам намекунанд. Ту барои мардуми Тоҷикистон ба ҷуз мурдори сиёсии ватангумкарда, миллату модарфурӯхта каси дигаре нестӣ.
Эй шайтони асри ХХ1! Бидон, ки Пешвои муаззами миллати точикон Эмомалӣ Рахмон нури дидаи Точикистониёну тоҷикони ҷаҳон аст. Номи неки ин абармарди миллат, сармеъмори давлати миллии точикон абадул дахр ба таърихи дунё бо ҳарфхои заррин сабт ёфта.
Худованди бузург! Ба бахти тоҷикони дунё Президенти махбубу азиз гардонидаат мухтарам Эмомали Раҳмонро аз ҳама газандҳои ифротиён дар паноҳи исматат нигах дор.
Обидбой Аҳмадов-собиқадори ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>