БОЗ ҲАМОН ТАЛБАНДАҲОИ БЕРИЁ

Пири хирадманде мегуфт: Фарзандонам! Диҳанда шаведу талбанда нашавед!
Бо як пиёла обу як луқмаи ҳалол умр ба сар баред ва дар хизмати мардум бошед! Фитнаву дурӯғ нагӯед ва бӯҳтон назанед!
Фарзандони хирадманд чун ба воя расиданд, яке бозаргону дигаре олим, саввумӣ шоиру чорумӣ кишоварз гаштанд. Новобаста ба касбу корашон ҳама оқилу тавоно ва соҳибэҳтиром буданд. Мардум онҳоро ҳамчун хайрандешу саховатманд мешинохтанду эҳтиромашон мекарданд.
Кабириву кабирзодаҳо чӣ дуои баде аз волидайн ва гузаштагонашон гирифта бошанд, ки ҳама талбандаву гадои дар ба дар , на оромӣ доранд, на осоиштагӣ, на Ватан доранд, на имон. Оё барои инсон аз ин фоҷиаи бузургтаре бошад?
Ба симоҳои манфуру аламзада, фосиқу раҳгумзадаҳо нигариста, як-як кирдорҳои нопоки онҳоро пеши назар овардам.
Кабирӣ солҳои 90-уми асри гузашта ба сафи ТТЭ ҲНИ пайваста аввалин хиёнаташро ошкор кард. Ин хиёнат ба ҳамаи омӯзгорону дастпарварони факултаи шарқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон буд. Агар ягон бесаводе, бемаълумоте ба ТТЭ ҲНИ мепайваст ҳоҷати гап набуд. Аммо ба ТТЭ ҲНИ, ки аъзоёнаш аблаҳону чаламуллоҳои бесавод буданд, ва ин ҳаракат равияи ифротӣ дошт пайвастшавии хатмкардаи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон бо ихттсоси тарҷумони забони арабӣ албатта ҳайратовар ва хиёнати бузурге буд. Он солҳо ба рӯи Кабирӣ даҳҳо ҷойҳои корӣ боз буданд, вале ӯ роҳи илму дониш, обрӯву нуфузро як сӯ гузошта ба ботлоқи ТТЭ ҲНИ ба манбаи ҷамъоварии молу мулк ва сарват рӯй овард.
Воқеан, Кабирӣ дар як мӯҳлати кутоҳ бо фиребу найрангҳои нав ба нав ба дили роҳбарияти бесаводу бемаълумоти ТТЭ ҲНИ роҳ ёфта, соҳиби молу мулк ҳам гардид. Бахусус, аз талаву тороҷи наҳзатиҳо дар ҷанги шаҳрвандӣ ин ҷавони ҳарис бебаҳра намонд. Минбаъд ҳифзи молу мулк ӯро водор кард, ки ба ҳар роҳе набошад, сарварии ҳизбро бо истифода аз дорои маълумоти олӣ буданаш, соҳибӣ карда, ҳарчи бештар маблағҳои бедардимиёни ваз хориҷи кишвар вуруд шударо ба ҷайби хеш ва наздикону пайвандони ташнаву гуруснааш диҳад.
Кабирӣ ва пайвандонаш, ки қашшоқтарин тоифаҳои Файзобод буданд, бо мурури замон соҳиби хонаву дар, молу мулк шуда, зери ниқоби ваҳдат умр ба сар мебурданд, аммо чизе, ки ба осонӣ ба даст меояд, ба зудӣ аз даст хоҳад рафт. Ё худ молу мулк ва ризқи дигарон ҳеҷ вақт ба касе тақдир нахоҳад кард. Бо як мижа задан Кабириву додару хоҳаронаш, фарзандонаш ва дигар пайвандонаш бенавову қашшоқ гашта, рӯ ба гурез ниҳоданд.
Алҳол ба аксҳо менигареду аз чеҳраҳои рангпарида, зарду зарир, хору зори ин аблаҳон ба хулоса меоед, ки онҳо ҳанӯз ҳам талбандаву гадову дарбадаранд. Аз ҳисоби маблағҳои хоҷагони ваҳшиву аҳриманнажод қуттии лоямуд дарёфта ба ахлотпораи онҳо табдил ёфтанд.
Худ қазовот кунед! Кабирии беимон аз дину диёнат, ҳақиқату адолат дар сомонаҳои ифротиаш ҳарф зада, собит карданӣ мешавад, ки ӯ донишманд асту ба нафъи мардум сухан мегӯяд. Вале симоҳои мурдори авлоду аҷдодаш бозгӯ аз он аст, ки онҳо мисли мурғони лошахӯр ҳаромхуру мисли ҳайвонҳои ваҳшӣ хунхор ҳастанд. Дар хотир дорам, ки ба шаҳри мо солҳои ҷанги шаҳрвандӣ Бибисоро Кабирӣ ба таври пинҳонӣ омада байни занон аз дину диёнат ҳарф мезаду бо роҳи фиреб маблағҳои занони ба ин ҳизб олудаву расфошударо ҷамъ карда сӯи Душанбе мешитофт. Гоҳ-гоҳ ба маҷлисҳои ТТЭ ҲНИ-и ноҳия Акоша Кабирӣ, ки дар ҳизб ягон вазифа надошт, омада иштирок мекард. Ӯ ҳам аз Исфара дасти холӣ барнамегашт. Ризқи ин ҳаромхӯрҳоро Худованд аз аввал аз кисаи мардум дода будааст.
Дар Аврупо ҳам ҳамарӯза ин симоҳои бешарму ҳаё бо талбандагиву гадоӣ умр ба сар мебаранд. Гадо, ки аз се дар гузашт, шармаш мепарад. Ин сулолаи ҷӯгиҳои Тоҷикистон аз даҳҳо дар гузашта на шармашон мондасу на ору на тамиз, на виҷдону на дину на диёнат.
Алҳазар аз чунин зиндагонӣ! Ин рӯзи сахти муфлис Кабириву кабирзодаҳоро душман ҳам набинад.
А. Сомон-узви фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Исфара

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>