Санги бадгавҳар

Имрӯз гирди номи яке аз мубаллиғони ҳизби мамнӯъи Наҳзати ислом Муҳаммадиқболи Садриддин сару садоҳо зиёд ҳастанд. Ӯ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври худ аз он ки дар филми мустанади “Хиёнат” лоқу парашро ба тавре шамол доданд, “қасос” гирифтан мехоҳад.

Ин навбат ин мубаллиғи ношуд даст ба тӯҳмати дигар задааст. Дар шабакаи Ютуб навореро аз сомонаи “Ислом-нет” гузоштааст, ки саропо нисбати раиси муҳтарами вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода тӯҳмат аст. Ӯ дар ин наворҳо , ки аз ҳар ҷой барчида, ба қавли мутахассисони телевизион “монтаж” шудаанд, мехоҳад раиси вилоятро бадном созад, ба гуноҳҳое печонад, ки аслан ба шахсияти ин хидматчии давлатии сатҳи баланд мухолиф аст ва ақли солим ба он ҳеҷ гоҳ бовар намекунад.

Муҳаммадиқболи Садриддин аслан ба ақли солим коре надорад, Бо супориши хоҷааш Муҳиддин Кабирӣ метавонад сафедро сиёҳ ва сиёҳро бе ҳеҷ андеша сафед гӯяд ва барои ин аз ҳеҷ пастию разилию тӯҳмат рӯй наметобад. Ба умеди он ки кадом хушбоваре ба ин дом меафтад.
Хушбахтона, сокинони солимақли вилояти Суғд аз кору пайкори раиси вилоят, талошҳои пайгиронаи ӯ барои иҷрои дастурҳои Пешвои муаззами миллат, беҳдошти соҳаҳои иҷтисодию иҷтимоии вилояти Суғд хуб огоҳу шинос ҳастанд ва ба ин ҳарзаҳои кадом Муҳаммадиқбол бовар намекунанд. Онҳо корҳои шоиста ва бунёдкориҳое, ки дар вилоят таҳти роҳбарии Раҷаббой Аҳмадзода сурат мегиранд , бо чашми худ ҳамарӯза мебинанд ва баҳои ҳаққонӣ медиҳанд.
Дар байни халқ мақоле ҳаст: “душман агар гап наёфт, думи сагат каҷ мегӯяд”. Ҳамин маъниро дорад даъвоҳо ва наворҳои ин косалеси хони Муҳиддин Кабирӣ. Ӯро ҳам фаҳмидан мумкин. Ҳамин гуна тӯҳмат накунад, аз буданаш барои хоҷааш чӣ манфиате мерасад? Ва боз:
Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,
Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад .

Орзуи Комил,

узви ҲХДТ

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>