Коррупсия — доғи башар

Амалҳои коррупсионӣ ҳамчун доғи ҷомеа аз қадим то ба имрӯз дар шакл ва намудҳои мухталиф мавҷуд аст. Давлату ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ чораҳои заруриро андешида истодааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» (25 июли соли 2005) қабул гардид, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 №143 Политсияи андоз ва Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то ин замон ҳамчун мақомотҳои муборизабаранда бо коррупсия амал менамуданд барҳам дода шуда, мақомоти махсуси муборизабаранда бо коррупсия-Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013 – 2020 низ қабул гардид. Новобаста аз чораҳои андешидашуда, амалҳои коррупсионӣ-азхудкунии маблағҳои буҷетӣ, кам нишон додани андозҳо, ришваситонӣ ва ғайра дар ҷамъият мутаассифона ҷой дорад.

Субъектоне, ки ин амалро содир менамоянд, танҳо бо мақсади ба даст овардани манфиатҳои моддию шахсиро доранд. Онҳо манфиати моддиро ба даст оварданашон мумкин аст, аммо маънан заиф мегарданд, ки инро худ дарк намекунанд. Зеро чашми онҳоро молу дунё кӯр кардааст. Давлатро пора рушд намедиҳад, балки рақобати озоди осоишта рушд медиҳад. Пора гирифтану пора додан аз ҷиҳати диниву дунявӣ номатлуб шуморида шуда, ҳам гуноҳ ва ҳам ҷиноят аст. Пас чаро ба ин гуна амалҳо даст мезананд? Танҳо ба мақсади, бо роҳи осон ба даст овардани маблағҳои  муфт мебошад.

Яке аз роҳҳои пешгирии амалҳои корррупсионӣ ин баланд бардоштани сатҳи шуури ҷамъиятӣ мебошад. Зеро ҳар як шахс амалу рафторҳои худро хуб дарк намуда, аввал худро ислоҳ намояд. Баъдан ҷомеа ислоҳ мешавад.  Барои аз байн бурдани коррупсия ҳар як аъзои фаъоли ҷомеа муборизаи оштинопазирро бо ин амали номатлуб бурданаш лозим. Танҳо дар ҳамин ҳолат муҳити нест шудани амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеа ба вуҷуд меояд ва мардум аз ин доғи ҳаёти муосир халосӣ хоҳад ёфт.

Корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раҷаматов Аскарали

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>