Осоиштагию оромии кишвар аз мо вобаста аст!

Дар муносибатҳои байналхалқӣ давлатҳо дӯсту душмани доимӣ надоранд, балки онҳо манфиатҳои доимӣ доранд. Вобаста ба ин манфиатҳо бо гузашти вақт, дӯстони наздикӣ давлатҳо ба душманони ашаддӣ ва душманони ашаддӣ бошанд ба дӯстони наздик табдил ёфтанашон мумкин аст.

Аз ин лиҳоз, он хориҷиёне, ки Тоҷикистони биҳиштосои моро чашми дидан надоранд, тинҷиву осудагии онро барбод сохтанӣ мешаванд. Зеро, он давлатҳои манфиатдор бо ин васила мехоханд Тоҷикистони азизамонро мисли Афғонистону Либия, Украинаву Сурия ба як мамлакати ҷангзада табдил дода, барои худ бозори яроқфурӯшӣ ташкил намоянд. Ҳамчунин онҳо тавассути ҷанг мехоҳанд шумораи аҳолиро дар сайёра кам гардонида, ба сарватҳои табиию зеризаминии кишвар соҳиб шаванд. Онҳо рӯи рост ин фисқу фасодро амалӣ карда натавониста, аз Кабирию Муҳаммадиқболи Садриддин ва Шамсиддин Гадоев барин шахсони бешуур, молпарасту хоинони ватан ба ивази молу давлати ҳаром истифода менамоянд. Ин хоинон бошанд тавассути интиқоду матолиби муғризонаи худ дар сомонаҳои интернетиву шабакаҳои иҷтимоӣ байни мардум иғво меандозанд.

         Дар ин маврид, аз мо фақат як чиз талаб карда мешавад, ки ба суханҳои душманони давлату ҳукумат бовар накарда, ҳушёру зирак бошем ва дар байни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монем. Зеро душманони мо барои амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ бештар одамони соддаву меҳрубонро истифода мекунанд. Агар ҳушёр набошем, одамони содда модару ватани худро ба молу мулки осонбадастмеомада, иваз намуда, шумораи роҳгумкардагон зиёд шуданашон мумкин аст. Мо фаъолон, ҳар як сокини бо нангу номуси мамлакат ба он кӯшуш кунем, ки ҳамагон аз вазъи сиёсии ҷаҳон огоҳ бошанд, ба ҳар гуна иғвоҳои душманони миллат гӯш накунанд, нисбати ватани худ, макони худ, оилаи худ ғамхор бошанд. Ҳар яки мо барои оромию ободии кишвар ҳиссаи арзандаи худро гузошта бошем.

Корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Раҷаматов Аскарали

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>