«ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАФАККУРИ МИЛЛӢ»

O0NWsMs3Opo

Чунин унвон дорад китоби тозанашре, ки бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ ва рӯзномаи «Нигоҳи халқ» ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути нашриёти «Аврангпринт» дар ҳаҷми 108 саҳифа ва бо теъдоди 100 нусха ба табъ расидааст.

«Пешвои миллат ва тафаккури миллӣ» маҷмӯаи мақолаҳои олимони ҷавон Шарипов Шариф Раҳмонович (номзади илмҳои филологӣ), Шарипов Абдуаҳад Раҳмонович (номзади илмҳои кишоварзӣ) ва Калонова Маҳина Ҷумабоевна (номзади илмҳои филологӣ) буда, дар он муҳимтарин масоили марбут ба нақши беназиру пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории миллӣ, аз ҷумла омилҳои эътимоди Пешвои миллат ба ҷавонон дар рушди ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, Пешвои миллат ва рушди забони тоҷикӣ, нақши асари «Чеҳраҳои мондагор» дар ташаккули фарҳанги худшиносии ҷавонон, таҷассуми симои Пешвои миллат ҳамчун таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ дар эҷодиёти адибони ҷавон, хусусиятҳои хоси суханрониҳои Пешвои миллат дар созмонҳои байналмилалӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Тоҳир Азиззода, раиси ноҳияи Мастчоҳ дар пешгуфтори худ таълифу чопи китоби мазкурро далели ҳамеша дар атрофи сиёсати оқилонаву ҷавонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид будани ҷавонмардони масчоӣ дониста, менигорад, рисолаи мазкур навъе ҷавобнома ба пиндорҳои ғаразноки гуруҳе аз нотавонбинонест, ки бо ҳар роҳу баҳона ва ҳар шаклу тарона дар шабаҳои иҷтимоӣ ба интиқоди беасоси сиёсати давлатӣ пардохта, комёбиҳои бузурги давлати ҷавони моро нодида мегиранд.
Дар чопи босифати китоб саҳми муҳаррири он Дилшод Зокиров — раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ, мусаҳҳеҳ Муродулло Почозода ва саҳифабанд Муҳаммадалӣ Сафаров низ кам нест.

Муллошукур ШОКИРЗОДА,
«Нигоҳи халқ»

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>