Асрорҳои пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ!

         Ҳақиқатан вақт давраи асосии зиндагист! Батадриҷ пардаро аз болои ҳама асрори пӯшида мебардорад. Ҳар касеро дар нусхаи асли худаш нишон медиҳад. Тарфҳои аёну ноаёни зиндагиашро барои атрофиён боз месозад. Муайян мекунад, ки пушти суханҳои фасеҳу зебо ва ваъдаҳои болохонадор кадом ҳадафҳое пайгирӣ мешаванд.

         Замоне интихоб шудани Муҳиддин Кабирӣ ба симмати раиси ҲНИ қисматеро умедвор кард, ки акнун ӯ ҳизбро аз маҳлули омехтаи ҷаҳлу ришу ҷелак берун мекашад ва бо симову замири зиёӣ, пайрави исломи мӯътадилу хоси тоҷикона дар ҷомеа муаррифӣ месозад. Вале ин умедҳо саробе дар дидаҳо ҷило додаву зуд маҳв гаштанд. Маълум гашт, ки барои Муҳиддин Кабирӣ ин ҳизб танҳо дастгоҳест барои боло бурдани имиҷи шахсии худ, муҳайё сохтани заминаҳои иҷроиши супоришҳои фармондеҳону маблағгузорони беруна, сарватғундорӣ ва нигаҳдошти моликияти худӣ будааст.

         Чун саҳифаи фаъолияти сиёсии Муҳиддин Кабириро варақ мезанем, мебинем, ки он саропо боздиду вохӯриҳо бо намояндагиҳои дипломатии кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон асту ширкат дар симпозиуму конфронсҳои мухталифи дохилӣ, минтақавӣ ва монанди инҳо . дар Теҳрону Станбулу Мисру Қатар аз “бедории исломӣ”, таъкибу таҳвини таҳқири ислом, ниёзҳои он ба ҳифзу ҳимояи шиор мепартояду дар Вашингтону Мюнхену Парижу Лондон ба он “озодию демократия”-и ғарбӣ арҷ мегузорад, ки имрӯз ними машриқзамин “мазза”-ашро мечашанд. Муҳиддин Кабирӣ аз нисф бештари давраи ваколаташро дар Парлумони кишвар сарфи сафарҳо кард. Гоҳе ба ғарбу шарқ дар парвоз асту  гаҳ ба шимолу ҷануб. Ҳар куҷо, ки меравад шиква ҳамсафари ӯст. Дар умраш аз пешрафту рушди кишвараш забон накушодааст. Боигарии луғавии каломаш танҳо аз вожаҳои “фишор”, “таъқиб”, адами “озодбаёнӣ”-ю “демократия”, “режимҳои худкома” ва монанди инҳо ибора асту халос. Зеро медонад, ки ин ҳарфҳо барояш фоида меоранд. Зери пӯшиши фаъолияти ҳизбӣ садҳо ҳазор доллар ба хазинаи шахсиаш мерехт. Орзуи бардоштани фоидаи шахсӣ ва аспи маснад Кабириро дар паҳнои серҷанбаи бозиҳои сиёсии идеологҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба гирдобе кашиданд, ки торафтдар он амиқтар меравад. Бозиҳояш гоҳе бо шарқу гоҳе ба ғарб боиси он гаштанд, ки натавонист вазифаҳои дар наздаш аз ду ҷониб гузошташдаро иҷро намояд. Шикасти қувваи душман дар муттаҳидии мост! Пас биёед дар муттаҳидӣ зидди ин нохалафон бошем! Зеро хуб медонед, ки бо Ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҲНИ-ҳизби террористӣ-экстремистӣ эълон гардида, давлатҳои шомили Созмонҳои ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъона ва дигар созмонҳои бонуфузи ҲНИ-ро ҳамчун ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эътироф намуда, дар феҳрасти ягонаи созмонҳои террористӣ, ҷудоихоҳ ва экстремистӣ, ки фаъолияташро дар қаламрави давлатҳои узви СҲШ манъ мебошад, шомил гардидааст.

Тавре аз вазъияти дар моҳи ноябр ба вуқӯъ омада пайваст бармеояд, чанд нафар хоинони миллат чешраи воқеии  худро нишон доданд, чанд рӯз оромии кишварро халалдор намуданд, гарчанде ки ҳадафи нопоки худро амалӣ гардонида натавонистанд. Аммо моро ин ҳодиса хеле ба таҳлука овард ва метавонем имрӯз муроҷиат намоем, то огн нафаронеро ки то имрӯз мехоҳанд сохти давлатдориву конститутсионии мо аз байн равад, маҳкум намоем.

Боиси шукргузорист, ки мо соҳиби давлати мустақил ҳастем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тоҷикону тоҷикистониён ғамхориҳои зиёд изҳор менамоянд ва мо бояд ҷавобан руҳияи бадхоҳони миллатро шикаст дода, баҳри тараққиёт ва рушди кишвар беихтиёр тамоми қувваи худро сарф намоем.

Эгамзод Муртазо

Машрафӣ- узви фаъоли ҲХДТ

                                                     

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>