ТВ Ислоҳ ба ислоҳ ниёз дорад

Сомонаи Ислоҳ ТВ 24 соат ба ҷуз бӯҳтон, тӯҳмат, иғво нисбати Тоҷикистон дигар даъвое надорад. Масъули барномаҳо Муҳаммадиқболи Садриддин дар куҷое соҳибмаълумот шуда бошад, ягон сухани дуруст ва хулосаи зарурӣ баён карда наметавонад. Суханрониҳояш, ки гулӯяшро даронида дод мезанад нисбати давлати тоҷикон ва Пешвои муаззами миллат ҳама сафсата, бофтаву дуруғи буда, аз бемаърифатии ин авбошсимо дарак медиҳад. Ӯ дар суханрониаш иброз мекунад, ки канӣ демократия дар Тоҷикистон? Дар Фаронса ва Қирғизистон тез- тез Президентҳо иваз шуданд. Э кӯрсаводи сиёсӣ магар тез-тез иваз шудани президенти як давлат нишонаи демократия аст.

Намояндагони Ислоҳ ТВ ҷонибдори демократияи гейҳои Аврупо ҳастанд. Демократияи Тоҷикистон хоси мардуми Тоҷикистон аст ва дар заминаи таълимоти гузаштагони зиндадили ин миллат рушду нумӯъ дорад. Намояндагони Ислоҳ ТВ, ки ҳама дастпарварони ТЭТ ҲНИ мебошанд баъди омӯзиши дар мактаби шиагароӣ рӯ ба демократияи Европа оварданд. Омӯзиши ду мактаб тақлидҳои кӯркӯрона онҳоро ба кӯчаи сарбастае овардааст, ки ҳисобашонро гум кардаанд.

Муҳаммадиқболи Садриддин дар суханронияш гоҳо либоси Фиравн мепушад гоҳо бо либоси шиамазҳабҳо ва гоҳе Аврупо оҳу нола кашида чӣ гуфтанашро намедонад ва ба мунофиқе монанд аст, ки хулосаҳояш пучу бемағзанд. Муҳаммадиқбол ба Кабирӣ дар гуфтугӯи мустақимаш суол медиҳад, ки бо Президенти Тоҷикистон дар бораи чӣ гуфтугӯ мекунӣ? Оё ин чунин масъалагузори нишони аблаҳӣ нест.

Президенти як давлати соҳибистиқлол ва комилҳуқуқ, Президенте, ки сиёсатмадори сатҳи ҷаҳони аст чаро бо як гурезаи беамалу беватан ва ифротӣ-Кабирӣ мизи суҳбат нишинад. Аврупо 30 сол аст, ки сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами тоҷиконро дастгирӣ мекунад.

Ташкилоти ТЭТ ҲНИ, паймонаи миллӣ, гурӯҳи 24 ҳама ниҳодҳои ифротӣ буда дар Аврупо бо талбандагӣ ва паноҳҷӯи умр ба сар мебарад. ТЭТ ҲНИ аз ҷониби беш аз 2 млрд сокинони сайёра ташкилоти эктремистӣ ва терорристӣ шинохта шудааст.

Алорағми шумо душманони миллат давлатҳои Конфедератсияи Шветсария ва давлати Фаронса, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи баланди меҳмоннавозӣ пазироӣ карданд. Гуфтушуниди дуҷонибаи президентҳои ин давлатҳо ба манфиати мардуми Тоҷикистону Шветсария ва Фаронса нигаронида шудааст.

Шумо душманони миллат ва давлати Тоҷикистон бо тазоҳуротҳои беасосӣ худ бори дигар, кӣ будану аз дастатон чизе наомаданашро собит намудед. Дар Шветсария 5 нафар доду фиғон заданд, ки “озодӣ, озодӣ”. Шумо ғуломони ҳалқабаргӯши хоҷагони бурӯнмарзиатон ҳастед. Кайҳост, ки озодиатро ба якчанд доллар қурбон кардаед. Статуси талбандагӣ ва паноҳҷӯянда доред. Ба Тоҷикистон иртиботе надоред. Чаро худ ғуломи бегонагон гаштаеду ватанро, миллатро фурӯхта аз Пешвои муаззами миллати мо озодӣ талаб мекунед?

Роҳе, ки интихоб кардаед, роҳи Фиравн, роҳи хиёнатгарон ва роҳи душманони миллат аст. Охири ин роҳ вовайлои пинҳонӣ, мисли Фиравн ба қаръи уқёнуси фитнаву фиреб, дуруғу тӯҳмат, абадулдаҳр фаноҳ шудан аст.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>