Нафрини мардум ба…

Ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористӣ дар Тоҷикистон дар қисмати халқи тоҷик бузургтарин фоҷиа буд, ки қариб миллатро рабуд. Инро халқи маърифатпарвару ватандӯстӣ, тоҷик медонисту ба воситаи филми “Хиёнат” боз возеҳу аниқтар фаҳмид.

     Бадбинону  душманони миллати мо, ки худ тоҷику тоҷикистонӣ ҳастанд, имрӯз ба чанд танга пули сиёҳи зархаридони хориҷӣ фурухта шуда, санг бар решаи худ мезананд.

    Аз дастурхони тоҷик нон хӯрдаву ба намакдон туф мекунанд, кӯрнамакҳои  сиёҳдил! Шумоён ҳеҷ гоҳ ба мақсадҳои нопокатон нахоҳед расид. Чашми бадбинатон, ки муваффақиятҳои Ватани азизро дидан намехоҳанд кӯр бод! Мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ ин рафторҳои разиронаатонро нахоҳад бахшид.

   Номи палидатон дар китоби таърихи халқи тоҷик бо хати сиёҳ навишта  шуда, ояндагон ҳам бароятон лаънат хоҳад хонд!

    Гуноҳҳое, ки содир кардаед нобахшиданист! Аз Худо ҳам наметарседу аз оҳи ятиме, ки аз оқибати рафторҳои разилонаатон  бепадар мондааст, аз нолаи зане, ки бешавҳару, аз оҳи модаре, ки бефарзанд мондааст! Магар инҳо бахшиданист?

    Худро донандаи Қуръону мусулмони асил мегиред. Аз кофир ҳам бадтар! Аз ҳайвон ҳам ваҳшитаред.

   Бехираду беимону бадтинат ҳастед! Аммо бидонед, ки фарзандони боору номус, ватандӯсту қавииродаи тоҷик дигар намегузоранд, ки бар пойи миллати азизамон хоре расад. Бо роҳбарии

Пешвои муаззамамон якдилу яктану якҷоя шуда, пеши роҳи бадбинонро хоҳем гирифт, барои боз ҳам гул-гулшукуфии Ватани азиз камари ҳиммат баста, Ватанро боз ҳам ободу зебо хоҳем кард.

М.Солиева

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>