Мулоқот дар Муҷун

Деваштич. Дар асоси дастури Кумитаи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва фармоиши КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тибқи нақша-чорабиниҳо бобати баргузории иқдоми «Муқовимат бар зидди коррупсия қарзи шаҳрвандии мост» ва дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» ва иҷрои дастуру супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот фаъолони Ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштич доир гардид. Раиси Шӯрои НТҶҶ «Созандагони Ватан» Сарвар Саидов дар маърӯзаи худ қайд намуд, ки бо Фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №143 аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Пешвои миллат қайд намудаанд, ки «Коррупсия ба пешрафти иқтисодиёт халал мерасонад, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад, гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад. Пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия дар оянда низ яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад». Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷиқистон барои солҳои 2013-2020 қабул гардида, дар доираи масъалаҳои самарабахши мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ ва пешгирии саривақтии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта мебошад. Стратегияи пешбинигардида дар таъмини шаффофияти фаъолияти мақомотҳои давлатӣ ва пешбурди кори шаҳрвандон пояи устувор мегузорад. Мулоқот дар руҳияи озод баргузор гардида, аз ҷониби иштирокчиён саволҳои ҷолиб ва посухҳои қаноатбахш шунида шуд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>