Чаро иддао накунем?

116045926_342930736698987_8942455160577905298_n
Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ нафароне пайдо гардидаанд, ки бозгӯкунандаи афъоли Кабириву чанде ҳамақидаҳояшон мебошанд ё фейкҳои наҳзатиҳо, ки мардумро «кофир» хонда истодаанд. Якеаш дар саҳифааш навиштааст, ки ман фулониву фулониро аз саҳифаи фейсбукиям аз хати дӯстонам берун кардам ва ба посух дигараш ҷавоб гуфтааст, ки дуруст кардӣ бародар, зеро гуфтаанд, ки бо кофирон ошногӣ накунед. Ин чӣ посух ҳаст? Магар мусалмон ҳуқуқ дорад, ки инсон, ки бузургтарин неъмати офаридаи Яздони пок аст кофир хонад? Асло на! Ин ҳамон «фатво»-ҳои наҳзатӣ ҳаст, ки бешармона алайҳи инсонҳо раво мебинанд.
Кунун ин афрод ҳатто мусалмониро зери пойи ҳадафҳои хеш қарор медиҳанд, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишварамон бо анаҳамин рафторҳо аз ҷониби наҳзатиҳо ва дигар ҳамақидаҳояшон мардум ба гумроҳӣ афтода буду роҳи рафтаи хешро баъзе роҳи «наҷот» медонист.
Имрӯзҳо дар кишварамон ҳастанд нафароне, ки алайҳи ин афрод вокуниш ва умуман ҷавобҳо мегардонанд, зеро дар рафти ҷангҳои иттилоотӣ зарур аст то ба навиштаи ҳар яки онон ҷавоб гуфт то донанд, ки хато гуфтаанд. Аммо теъдоди чунин нафарон кам ҳастанд. Кулли ҷомеа бояд бар зидди онон бархезад ва ҳамаи рафторҳои ононро бояд маҳкум кард. Охир ҷое, ки сулҳу оромиш ҳаст ва тинҷиву ваҳдат ҳатто рукнҳои дини Мубин хуб иҷро карда мешаванд.
Кадом соҳибдин аст, ки фақат инсон мекушад, таҳқир мекунад, кофир мехонад, бедин мегӯяд, таҷовуз мекунад, яроқ мехарад, меҷангад бо кӣ?- бо бародари мусалмони худ? Кадом диёнат аст, ки дар муқобили давлати хеш менависад ва мардумро ба куштор даъват мекунад? Кадом мусалмонист, ки дурӯғу туҳмат мебофад ва мутаассифона аз номи Худои бузург шарҳ медиҳад? -Ин дини Ислом нест, ин мусалмонӣ нест, балки фаъолияти наҳзатиҳост, ки ба номи Ислом анҷом дода шуда истодааст.
Ин гурӯҳҳои экстремистӣ имрӯз ҳар он сиёсате, ки инсонро ба ҳаёти осоишта даъват менамояд мехоҳанд несту нобуд созанд, зеро барномаи эшон чунин тарҳрезӣ карда шудааст, ба онон ҷангу мотаму оташу дуду гиряи кӯдаки ятим, ки бар асари нобасомонӣ волидайни хешро аз даст додаст ва дигар балоҳо мақбул аст.
Пас маълум мешавад, ки дар ҷанги бародаркуш наҳзатиҳо барои нестии миллат ва ин марз даст доштаанд ва имрӯз ҳам кӯшишашон бар он аст. Аммо намедонанд, ки гумроҳ намудани мардум кунун душвор аст, зеро насли ҷавон медонад, ки наҳзатӣ ки буд ва онон чи амалҳои даҳшатборе бар сари ин миллат овардаанд. Пас чаро иддао накунем, иддао мекунем ва бояд ҳамагӣ нафрат бар онон хонем.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>