Ватанро аз ҳар вақта дӯстдорам бештар!

Дар замони тезмаҷрои муосири ташаккул ва рушди ҷомеа шабакаи пурталотуми ҷаҳонии Интернет ва воситаҳои технологияиҳои нав унсури воқеии ҳаёти Инсон гардидаанд. Танҳо фарди солимфикри бофарҳанг ин дастовардҳои шуури инсониро барои беҳтар сохтани зиндагии мардум истифода мебараду Интернетро манбаи табаддули андешаю ақидаҳои умумибашарӣ меҳисобад. Зеро, заррае бошад ҳам саҳмгузор будан ба рушди ҷомеа нишондоди баракоти умри инсон мебошад. Лек, дар ҷомеаи инсонӣ тоифаи бахилу каҷбин, пурбухсу бадкина ва сиёҳдилон низ мавҷуданд, ки шабакаи Интернетро чун воситаи паҳнсозии хабару маълумотҳои иғвогарӣ, тӯҳмату бӯҳтон мешуморанд, ки ватангадоёни наҳзатӣ аз он қабиланд.
Дар урфият мегӯянд, ки “боғи бахил — беҳосил” ки исботи онро дар ҳаракатҳои барабасонаи Кабирию ҳаммаслаконаш дар нооромсозии вазъи сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони маҳбуб дида метавонем. Ватанфурӯшони наҳзатӣ бо амри хоҷагони хориҷӣ ва ҳирси маблағу мол хабарҳои бардурӯғу бофтаро нисбати сарзамини зодаашон дар Интернет паҳн менамоянд, ки нишонаи бухсу бахилӣ ва дилсиёҳии онҳост. Ин нокасони муғриз ҳатто фаҳмида наметавонанд, ки чархи таърих на бо амри хоҷагону маблағҳои ҳангуфти хориҷиашон балки бо қонуниятҳои худ давр мезанаду наҳзатиён ҳатто чун зарраи гард чархи таърихро дигар карда натавонад. Танҳо рӯсиёҳу шарманда мешаванду амалҳои нопокашон барбод хоҳад ёфт. Муддате мегузарад, ки ҷаҳониён аз ҳарзагӯиҳои онҳо безор шуда чун хасми нопок онҳоро решакан хоҳанд кард.
Баъзан ҳайрон мешавам, ,ки Кабирию Истаравшанию дигар думравони наҳзатӣ дини мубини Исломро пуштибонӣ кардаашонро таъкид медоранд. Ҳол он, ки то ба андозае худобехабару худозада ҳастанд, ки шукронаи Офаридгор намекунанд. Бо тариқи телефон хондани ҷанозаи модарро аз ҷониби Кабирӣ таҳлил намекунанд, ки гар Кабирӣ мусалмони ҳақиқӣ мебуд, мебоист сари тобути волидайн ҳозир мешуд. Ботини палиду ҳароми ӯ аз Ислом фарсахҳо дур асту наҳси нопоки касофаташ ӯро дар ба дар ва овораю сарсони ҷаҳон кардааст. Нафаре, ки ба ӯ пайвастааст, ҳатман аз наҳсу касофати Кабирӣ баҳравар мешаваду овораи ҳарду ҷаҳон мегардад.
Ҷавонони бо нангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлолро мехоҳам ҳушдор созам, ки ба гуфтаҳои бофтаи Кабирии маккору айёр фирефта ва гумроҳ нашаванд. Ҳирси молу маблағ васвасаи Иблисӣ асту луқмаи нони Ватан авлотар аз анвои маишати беватанист. Ягон миллату қавми ҷаҳон беватану ватангадоро ба сатҳи хасу хор қадр намекунанду бо назари таҳқир ба онон менигаранд. Маблағҳои хоҷагони хориҷии Кабирию думравонаш ба ивази ватанфурӯшию имонфурӯшии онҳо бадал шудаасту худо нахоҳад фарди тоҷикистонӣ амсоли наҳзатиён овораю саргардон гардад. Хубтар он аст, ки нерӯи ҷавонии худро ба ободию созандагии Ватани худ-Тоҷикистони соҳибистиқлол сарф намоеду қарнҳои тӯл номи шуморо ба мисли Синову Хайём, Нусратулло Махсуму Айниву Ғафуров ва дигарон бо фахру эҳтиром вирди забон оваранд.
Бори каҷи Кабирию думравонаш ҳеҷ вақт ба манзил нарасаду боқӣ ҳаволаашон ба даргоҳи Парвардигор аст !

Собиров М.С.- мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент
Аминов М.Ҳ.- декани факултети геоэкологияи МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, дотсент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>