Мағзшӯйии ҷавонон

Амалҳои террористӣ дар гӯшаю канори олам шореҳи ҳақомати ин амр ҳастанд, ки паёмадҳои номатлуби экстремизм ва терроризм натанҳо ба миллат ва халқиятҳои ҷудогона, балки ба ҳаёт ва сарнавишти инсоният дар тамоми сайёра хатар эҷод менамояд. Зуҳури чандин амалҳои эктремистӣ дар кишварҳои ғарбӣ омил бар он гардидааст, ки коршиносону сиёсатмадорони мамолики мазкур маҷмӯи чунин рӯйкардҳои номатлуб ва фоҷиабору хуношомро ба мусулмонон нисбат дода, аз ин роҳ ҳатто рӯи арзишҳои дини мубини Ислом хати батлон мекашанд.
Ҷои таасуф аст, ки имрӯз гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш бо ҷудоиандозиҳо миёни арзишҳои динӣ ва миллӣ ва ҳатто кашидани хати батлон аз рӯи тамоми дастовардҳои ақлонии миллатҳо ва ҳатто эътироф накардани худи мафҳуми миллат ифротгароии диниро иртифоъ бахшида, раванди “мағзшӯӣ”–ро тақвият медиҳанд. Ба таври умум, мафкураи ҷудоихоҳонаи гурӯҳҳои ифротӣ дар асоси арзишҳои миллиро инкор намуда, ғояҳои нодурустии хешро талқин мекунанд.
Имрӯз зарур аст, ки дар баробари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои дахлдор ҳар яки мо – шаҳрвандони кишвар ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надода, бо донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва дигар қонуншиканиҳо вусъат бахшем.
Террористон худро ҳомии Ислом хонда, мардуми бегуноҳро қатли ом мекунанд, на ба кӯдак раҳм доранду на ба модар! Аммо афсус, ки ТЭТ ҲНИ ва дигар созмонҳои ифротгаро мехоҳанд боз ба сари мардум бало оваранд. Аммо мардум дигар фирефтаи афкори онҳо нахоҳанд шуд.
Боиси таасуф аст, ки имрӯз дар сафи террористон ҷавонони гумроҳи тоҷик низ ҳастанд. Аксари онҳо ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан фирефтаи таблиғоти гумоштаҳои гурӯҳҳои террористӣ гардида, ба ин ҳаракатҳои ифротӣ шомил гаштаанд.
Ин дар ҳолест, ки давлати дунявии мо барои шаҳрвандон озодии дину виҷдонро кафолат додааст ва бархе аз ҷавонон аз моҳияти дини мубини Ислом бехабаранд. “Қуръон”-ро, ки ба забони давлатӣ нашр шудааст, нахондаанд. Агар мехонданд ё огаҳӣ пайдо менамуданд, ҷангу одамкуширо пеша намекарданд, балки бо ҷидду ҷаҳд барои дониш андӯхтан, ба кори ҳалол машғул шудан, оилаи солим бунёд кардан, фарзандони солеҳ парваридан, падару модар ва Ватанро ба ҷо овардан саъйу талош меварзиданд.
Шарипова М.-дотсент

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>