ХИЁНАТ ГУНОҲИ НОБАХШИДАНИСТ

Бо тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» оид ба аъмоли зишту разилона, хиёнатпешагиву нотавонбинӣ, ноҷавонмардиву ҷоҳилӣ ва бархе аз саҳнаҳои норавшани аъзо ва пайравони ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом ва дигар гуруҳҳои ифротиву иртиҷоӣ огоҳ гардидем.

Воқеан, ин филм бори дигар собит месозад, ки имрўзҳо дар замони талошҳои абарқудратон барои мавқеъгирии сатҳи ҷаҳонӣ, хуруҷи сартосарии бемории сироятии коронавирус муттаҳидиву ҳамдилӣ ва дасти ҳам гирифтан аз беҳтарин кирдорҳо маҳсуб ёфта, мардум ва ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри тинҷиву амонӣ, сулҳу субот ва ваҳдату ҳаммаромӣ расида бошем.
Маълум аст, ки маҳз бо роҳнамоии хоҷагони хориҷӣ дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ аъзо ва пайравони ТЭТ ҲНИ бо шеваи ба худ хос даст ба қатлу куштор, беназмиву бенизомӣ зада, аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳу бемаърифат ва мардуми гумроҳ сафҳои нопоки худро афзун гардонида, кишварро ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.
Махсусан бо дастури хоҷагони хориҷӣ ва ин нотавонбинон содир гардидани қатлу куштори аҳли илму маърифат ва ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, Муҳаммад Осимӣ, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Кароматуллои Қурбон ва даҳҳо дигарон аз хиёнатҳои ноҷавонмардонаи ин лаънатиҳо маҳсуб меёбад.
Чуноне аз забони шоҳидони ҳодисаву аъмоли разилонаи наҳзатиён мушоҳида мешавад дар ҳақиқат Кабирӣ пас аз таълим дар хориҷи кишвар бо дастури хоҷагонаш ба фаъолият шуруъ намуда, худро ба доми наҳзат пайваст ва пайрави Сайид Абдуллои Нурӣ, ки он замон роҳбари ҳизби наҳзати ислом ва солҳои ҷанги шаҳрвандӣ роҳбари иттиҳоди нерўҳои оппозитсионии Тоҷикистон буд донист. Бо ин шеваи худ Кабирӣ мехост собит созад, ки ў пайрави иттиҳоди нерўҳои оппозитсионӣ буда, дар оянда даъвои ҷониби сулҳ буданро пайдо кунад. Бо гузашти вақт ва соли 2006 ба ҳайси раиси ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзат баргузида шудани Кабирӣ ўро аксаран шахси тасодуфӣ унвон доданд.
Ҳадафи Кабирӣ, ки ќаблан бо роҳнамоии хоҷагони хориҷии худ тарҳрезӣ гардида буд ин бо номи дини мубини ислом соҳиб гардидан ба бовариву эътимоди хоҷагони хориҷии худ ва ба даст овардани маблаѓҳои бедардимиён маҳсуб меёфт.
Бо гузашти замон Кабирӣ соҳиби молу сарвари бисёр гардида, ба тиҷорати шахсии худ пардохт.
Тавре шоҳидони ҳодиса, ки аъзои ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом буданд иброз медоранд, ки Кабирӣ танҳо хешу табор ва пайвандони худро, ки азъои ҳизб буданд пуштибониву дастгирӣ карда, ҳатто дидаву дониста соли 2015 ҳамаи онҳоро ба хориҷ гурезонид ва ахиран худ аз кишвар фирор кард. Аксари нафароне, ки ба ҳилаву макри Кабирӣ гирифтор шуда буданд пас аз фирори ў заррае ҳам аз маблағҳои ваъдакардаи Кабирӣ барояшон дастрас нагардид. Аксаран бесарпаноҳ шуданд, нисфи дигар хонавайрону сарсон.
Аммо Кабирӣ бо вуҷуди ин ноҷавонмардии кардааш ба ҳамҳизбиёнаш имрўзҳо бо забони дароз мехоҳад худро бегуноҳ нишон диҳад. Мардуми шарифи Тоҷикистон пас аз он, ки Кабирӣ рўйрост аз номи поки дини мубини ислом сўйистифода намуд, ўро зери танқиду мазаммат қарор доданд. Пас аз рўйгардонии аксари хоҷагони хориҷӣ Кабирӣ дарк кард, ки акнун ҳам бо номи ислом ва ҳам бо номи демократ корашро идома мебахшад. Акнун Кабирӣ бо ҷалби рўзноманигорони барҷомонда, гурезаҳои сиёсатнодида ва хоинони ватанфурўш «Паймони миллии Тоҷикистон» таъсис дод, ки аксаран ўро паймони зиддимиллӣ медонанд.
Бо дастур ва супориши Кабирӣ имрўз ин хоинон мехоҳанд мардумро мисли солҳои навадуми асри гузашта ба теша задан ба решаи миллати худ раҳнамоӣ кунанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз манъи фаъолияти ташкилоти экстремистӣ-террористии ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон, баста шудани қароргоҳҳои он ва рўзномаи ҳизбии «Наҷот», ҷонибдор надоштан дар кишвар ва фирори Кабирӣ онҳо аз хориҷ ҳамарўза тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мехоҳанд туҳмату бўҳтон бофта, фазои орому суботи моро халалдор созанд.
Боварии комил дорем, ки дигарбора ин тангназарону нотавонбинонро касе пайравӣ ва ҷонибдорӣ намекунад. Зеро мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк менамоем, ки сулҳу субот ва ваҳдати комили миллӣ бо талоши фарзанди фарзонаи миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада, халқи шарифи кишвар аз ин дастоварди беназир бо хушнудӣ истиқбол намуда истодаанд.
Тавре дар ҳошияи филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ба такрор изҳор мегардад «Касе, ки ба иштибоҳ роҳ додааст бахшидан мумкин аст, аммо касе, ки хиёнат кардааст бахшида намешавад».
Бо дарки ин нуктаҳо ба хоинони миллат муроҷиат менамоям, ки Шумо ҳуқуқи маънавии аз номи мардуми шарифи Тоҷикистон сухан гуфтан надоред, зеро инро қонунҳои амалкунандаи кишвар ва ҳатто санадҳои байналмилалӣ иҷозат намедиҳанд. Дигар ин, ки шумо хоинон дар баробари дигар арзишҳои миллӣ арзиши тоҷик будани худро фурўхтаед.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>