Умед ба раҳгум задани мардум надошта бошед!

Инсоният ҳамаи падидаҳои даври зисташро аз сар гузаронида метавонад. Аксар дар айёми авҷи ҳодиса хатоҳову саҳвҳояшро дарк намекунад, вале бо гузашти замон бо дарки ақли солим мӯйро аз хамир ҷудо карда метавонад. Имрӯзҳо шоҳиди он мегардем, ки бархе аз сокинони ватани азиз, ки солҳои аввали пасошӯравӣ ба доми фиреби ташкилоти ба назар “пешрафтаву мазҳабӣ ва ҳидояткунандаи роҳи ҳақ ва таблиғкунандаи принсипҳои демократӣ” ҳизби ба ном исломӣ, яъне Ҳизби наҳзати ислом афтида буданд, аввалҳо ҳар як иқдомот ва ҳадафҳои ин ташкилотро, ки як навъ хушгуфтории беасос ва ифодакунандаи ғаразҳои шахсӣ, хоса зикр менамоем, на ҳадафҳои ҷомеа буд ва ба ҳиссиёти динии мардум нигаронида шуда, бо барномаҳои тарҳрезишуда амал менамуданд, ҳақ мешумориданд. Сониян, вақте ки симои асосии ин ташкилот аз паси парда берун омад ва ҳадафҳои нопоки Ҳизби наҳзати ислом як- як рӯ задан гирифт ва ошкор гашт, ки онҳо бо роҳи табадулот ба сари қудрат мехоҳанд, оянд, оташи ҷанги таҳмилии дигареро мехоҳанд миёни бародарони тоҷик барангезанд, ҷоҳилият ва танаффуроти Ҳизби наҳзати ислом бармало зоҳир гашт. Ин гуруҳи фиребхӯрдагон, раҳгумзадагон аз кардаву рафторҳои худашон пушаймон шудаанд. Имрӯз он давраи ҳаёти хешро, ки ҳамақидаву ҳаммаслакони “роҳбаладони каззоб”-и ҳизби наҳзати ислом буданд, аз давраи ҷоҳилияте беш намеҳисобанд. Зуҳури ҳизби наҳзати ислом дар Тоҷикистон ва барномаи фаъолияти он падидадаи комилан хато ва назарфиребе имрӯзҳо маҳсуб меёбад. Агар ба таърихи пайдоиши он нигоҳ кунем, мебинем, ки ба таҳрифкорӣ даст додаанд. Таърихи пайдоиши худро ба солҳои авҷи тараққиёти давлати шӯравӣ (1973) менигоранд, ки касро ба шубҳа меорад, зеро дар давраи ҳукми сензуравии ҳизби коммунист, ки давраи комилан мулҳидӣ буд, барои таъсиси ин ҳизб ҳеҷ заминае набуд, сохторҳои амниятии кишвари Шӯравӣ ҳар як шаҳрвандони “шубҳаангез”-ро дар рӯйхати махсусе ҷо намуда, на фақат худи онҳоро ҳатто муҳиту хешу ақрабо ва наздиконашонро зери назорати қатъӣ қарор медоданд. Комилан дар таърихнигории ҳизби исломӣ таъсисгузорон ва пайравонаш ба таҳрифкорӣ роҳ додаанд. Он ҳизби имрӯз мамнӯъ, маҳз, дар замони бозсозии горбачёви аз тарафи баъзе аз рӯҳониҳои пинҳонкори ҳамонвақта на чун ҳизб, балки ба ҳайси якчейкае ба фаъолият шурӯъ намуда буду халос. Тақсим шудани Тоҷикистон ба ду майдон фаъолияти онҳоро тақвият дод. Он давра тақсим шудани Тоҷикистон ба ду қувва имконпазир буд, зеро дар тӯли 70 соли ҳукмронии давлати Шӯравӣ мардум аз арзишҳои милливу фарҳангӣ ва мазҳабии худ барканор шуда буданд, мардум ба ҳуввияти миллии хеш ниёз доштанд, рафторҳову гуфторҳои ҳизби наҳзати исломӣ барои бархе як шуълае буд, барои соҳиб шудан ба фарҳанги миллӣ, зеро сохтори конститутсионии ҳукумати онвақта ҳарчанд, соҳибистиқлолияти кишварро эълон карда бошад ҳам, бо барномаи пешина ва идеологияи алакай кӯҳна ва дар бархӯрди ормонҳои мардум бегона амал мекард. Маҳз дар ин давраи ҳассоси таърихӣ ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ занону ҷавонони гулу гумроҳи тоҷикро ба доми фиреби худ кашиданд ва барои пиёда кардани ҳадафҳои муғризонаи хеш истифода бурданд. Бо гузашти айём, бо дарки ақли солим аксари фиребхӯрдагон имрӯз аз хиёнати сарвари ин ташкилоти ифротӣ, Муҳиддин Кабирӣ комилан огоҳ шуданд ва нисбати хиёнаткори асосӣ нафрин мехонанд. Имрӯз мухолифини Тоҷикистон, аз ҷумла Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳаммаслакони онҳо , аъзоёни гуруҳи 24 ба номи Паймони миллӣ фаъолият намуда, тухми иғво ва фитна мехоҳанд ба дили марудми тоҷик бикоранд. Ба миён омадани пандемияи СOVID-19 дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон як бори дигар исбот намуд, ки сарвари мухолифин Муҳиддин Кабирӣ ба миллати тоҷик хайру некӣ намехоҳад, аз ғами ба сари халқомада валвалаву ҳангома эҷод кард, бо ин роҳ болои дарду андӯҳи мардуми тоҷик табли шодӣ зад. Ӯ хеле шод мешуд, агар ин беморӣ фақат ба сари мардуми тоҷик меомад, зеро аз амали дуни ӯ аён аст. Ба хаёлаш паҳншавии пандемия омиле мешавад барои ба доми фиреб кашидани мардуми тоҷик, то фазои ваҳдату якпорчагии Тоҷикистонро ғуборолуд намояд, афкори ягонагии миллати тоҷикро барҳам занад, нооромӣ ва ҷангу ҷидолро миёни бародарон таҳмил намояд. Вале лаине мисли ӯ имконияти дуюмбора аз роҳ задани мардумро надорад. Зеро фазои идеологии кишвар дигар шудааст, халқи тоҷик фазои комили фарҳанги миллӣ, мазҳабӣ ва ҳуввияти худро дорад. Дар давраи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии фарзанди хирадманд ва фарзонаи миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик эътимоди қавӣ ба пойдории ваҳдат ва истиқлолияти Тоҷикистонро дорад. Аз сари худ падидаҳои номатлуби ҷомеаро гузаронд ва шоҳиди амалҳои террористии ҳизби мамнуъ гашт.

                                                                                                   Ҷавҳарӣ М.О.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>