ХИЁНАТ НОБАХШИДАНИСТ

Роҳбарон ва иддае аз “ҷонибдорон”-и ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ вақтҳои охир берун аз мамлакат истода, фикр доранд, ки гўё қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ки фаолияти ин хизбро манъ менамояд аз руи қонун нест. Воқеан гуфтан ба маврид аст, ки роҳбари ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ таҷрибаи кофӣ дар иғвогариву дасисабозиҳо дорад ва ба нафъи худашон ҳар лаҳза, ки иттифоқ меафтод истифода мекунад. Бисёр нафароне ки дар ҳамоишҳову иғвогари ширкат меварзанд наздикону пайвандони худи Кабири ҳастанд ва барои ин ҳизби фаъолияташ манъбуда худро чун “пешво” вонамуд мекунад, ки гўё тарафдорону пайравон ва ихлосмандони бисёре дошта бошанд. Ҳакикатро гуем, ин ташкилоти экстремистиву террористӣ аллакай мавқеъи худро дар чамъият аз даст додаву миёни он аз эътибор ва обрў маҳрум гардида буд. Мардумон нисбати он нафрат доранд ва дар роҳбару пайравони вай симои душман, хоини давлату миллат ва кишвари худро мебинанд. Дар асл гуем, он обрўву нуфузе надошт!
Чанд руз қабл хиёнатҳои Муҳиддин Кабириро тариқи оинаи нилгун кулли ҳамдеҳагонаш иброз карданд. Мегӯянд деҳаи мо як дехаи хурд ва мардумони ин деха меҳнаткарин буда, бо заҳматҳои худ ризку рузиашонро дарёфта зиндагонии худро пеш мебаранд. Аммо мутаасифона аз ин деҳаи кучак як фарзанди нохалафу бетарбия бо ном Мухддин Кабирӣ номи кишвари азизамонро олуда кардааст, ки гуё мусалмони поксиришт асту ҲНИ-ро ҳимоя менамояд, аммо ҳама хуб медонанд ки ин хиёнаткор аст, чаро ки дини ислом шахсонро гумроҳкардану хунрезиҳову ҷангу ҷиходро нафармудааст, аммо баръакс мебошад. Яке аз ҳадафҳои нопоки ин шахси хиёнаткор чавонони зиёдро бо ваъдахои бардуругаш ба доми худ кашидан, ва бо ваъдаи кору фаъолият мухочиронро ба воситаи зердастонаш ба мавзеъхои терористиву экстромисти чалб намуда, таълимотхои дини додан мебошад. Охир худ казоват кунед дар кучои дини ислом гуфта шудааст ки ту бо рохи чиход-яъне шахсони бегунохро бикушиву хунрезихо куни, мавзеъхои тинчу осударо ба валангор табдил дихи бо ин рохи галат дини исломро химоят намои, худ маълум аст ки Кабирии нохалаф ва хаммаслаконаш дини мубини Исломро хамчун никоб дар зохири худ истифода мекунанд, аммо ботинан чунин шахсон хадафхои гаразона ва нопок доранд.
Чунин шахсон ба хадафхои худ нахоханд расид, чарои ки мо фарзанди фарзонаи худро дорем, ки ба Точикистони азизамон сулх овард. Ва дар зери парафшонии парчамаш мардумашро орому осуда ба зиндагии дурбинона хидоят хохад намуд.
Нест бод Кабирии хоин! Ту хиёнаткорро миллати тоҷик ҳаргиз нахохад бахшид.
Изхорот аз кафедраи санъати тасвири ва хунархои халки

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>