Паёмади ноогоҳӣ

Терроризм ва экстремизм аз зумраи мушкилоти тезутунди замони муосир ба шумор мераванд. Боиси нигаронист, имрӯз шахсони алоҳида ва гурӯҳҳое пайдо шудаанд, ки бо мақсади халалдор сохтани оромии давлат ва ҳаёти мардум бо роҳу воситаҳои гуногун, ба монанди ҳуҷуми мафкуравӣ, пешниҳоди маблағи зиёд ва ё дигар усулҳои ҷалбнамоии эътибори одамон барои амалӣ гардонидани мақсадҳои ғаразноки хеш кӯшиш мекунанд. Тибқи маълумоти коршиносону таҳлилгарон роҳи асоситарине, ки гурӯҳҳои иртиҷоӣ барои ба худ моил сохтани ҷомеа истифода карда истодаанд, ҳуҷуми фикрӣ ё равонӣ маҳсуб меёбад, Ҷараёнҳои экстремистӣ дар амалӣ намудани ғояҳои худ асосан ба наврасону ҷавонон, ки байни онҳо ашхоси аз ҷиҳати иродаву шуурнокӣ ноустувори ҷамъият бештар мебошанд, такя менамоянд, Ҷавононро, ки нисбатан аз нигоҳи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинӣ заъф доранд, идора кардан осон аст. Ин нишону ҳадафи асосии гурӯҳҳои ифротӣ маҳсуб меёбад. Ҳамчунин, мувофиқи таҳлилҳои мавҷуда як қатор сабаб ва омилҳо, ба монанди таъсири манфии сабтҳои электрониву видеоӣ, аксҳо ва дигар маводи чопии дорои хусусияти зӯроваридошта, ба кор ва таҳсил фаро гирифта нашудани ноболиғону ҷавонон ва дар маҷмӯь иҷро нагардидани ӯхдадориҳо аз ҷониби волидон ё шахсони онҳоро ивазкунанда ба афзоиши ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон, барои гаравидани онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ замина гузоштаанд.

Добавить комментарий

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Можно использовать следующие HTML-теги и атрибуты: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <strike> <strong>